БАРГПАЙВАНД

Ниҳоли сабзи армонҳо,

Ту ҳар субҳе шароби ноби шабнамро,

Ба ҷоми баргҳои сабз менӯшӣ,

Ки сархуш дар ҳавои ишқ меҷунбӣ,

Ба нарми дар самои ишқ меҷунбӣ.

 

Дар ин ҷо ёде аз тафти биёбон нест,

Ба ҷуз атри нафасҳои хиёбон нест.

Ба рӯйи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд,

Ки ҷонро дар бадан бедор месозанд,

Хабар аз субҳи ишқи ёр месозанд.

 

Вале ман чун дарахти яккаву танҳостам дар дашт,

Чӣ медонам шароби шабнаму гулбонги мурғонро

Ва абреро, ки болои  чаманҳо мешавад гирён,

Ки танҳо сарсар ин ҷо мекашад нола

Ва хок аз решаҳоям мекашад, то мекунад урён.

 

Ғубори нилии шабҳо бупечонад маро дар хеш,

Қабои сабзи баргамро бисӯзад тафси тобистон

Ва дар реги равон ҷуз рези кӯчокӯчи гардон нест.

Дар ин дӯзах, ки по дар хок сӯзад, бол дар афлок,

Гавонад гар ба ёдат сабз монад кист, ё худ чист?

 

Кунун ман решаҳоямро ба дасти худ канам аз каър

Ва бо он хоки худ дар ормони хоки пайвандӣ

Кашонам хешро аз баҳру бар сӯйи замини ту,

Ки гардам ҳамнишини ту.

 

В-агар имрӯз вақти решапайвандии мо рафта,

Ба шохи ҷони ман барги рухи худро

бидеҳ пайванд,

Ки шояд баргпайванде бигирад андар ин озор

Ва сабзад аз тани ман шохаҳои ту,

Ва рӯяд шохсори тозаи ишқ аз тани хушнор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед