
БАРО АЗ КУНҶИ ТАНҲОӢ
Агар ғайр аз диёри худ
Надидастӣ диёреро,
Агар ғайр аз баҳори худ
Надидастӣ баҳореро, –
Ту танҳоӣ.
Ту танҳоӣ, агар дар дил
Ғамат танҳо ғамат бошад,
Ғамат танҳо дар ин дунё
Ғами бешу камат бошад, –
Ту танҳоӣ.
Агар танҳо зи як чашма
Диҳӣ гулзори худро об,
Ва аз якмахзани дониш
Биҷӯӣ гавҳари камёб, –
Ту танҳоӣ.
Ту ки фарзанди инсонӣ
Ғами дунёст бар дӯшат,
Фалакро тобеъат бинмой,
Заминро каш ба оғӯшат,
Расон то чархи гардун даст,
Нагӯяд то аз ин пас кас:
–Ту танҳоӣ!
Шарҳи худро нависед