БАРОДАРӢ
Дар баҳри пурталотум азми ту заврақи туст,
Ду бели заврақат дон пурзӯр бозувонат.
Манмо зи заврақи асло умеди ёрӣ.
Гар нестат ирода, ларзад зи тарс ҷонат.
Ин дам имёни мардум чун нест ишҷ озод,
Дар зери чатр пинҳон доранд рӯи зебо.РА
З-ин рӯ, зиёда аз ҳад мангар ба даъвати ӯ,
Чун кард як ишора, бо сар расон ту худро.
Дар осмони ишҷат бошад чу абри тира,
Шоми фироҷи ошиқбошад мушобеҳи гӯр.
Аз боғи қалб аммо баркан ниҳоли гарморо,
Рахшад ситора, гардад рӯи раҳи ту пурнур.
Хоҳи зи ҷоми шодӣ умре шароб нӯшӣ,
Дар осмони бахтат бошад мунаввар ахтар,
Ин аст роҳи фатҳи кӯҳи муроду мақсуд:
Кун пеша дӯстиро, шав бо касон бародар.
Муаллиф: (Шоири Хиндустони (Ҳинд)) — ГУРЧАРАН РАМПУРӢ
Муаллиф: ГУРЧАРАН РАМПУРӢ
Шарҳи худро нависед