БАРОИ БАДХОҲЕ

Ту садди меҳрӣ,
Ман садди ҷангам.
Ту номи ребу
Ман ному нангам.
Ту пахтасангӣ,
Ман тахтасангам.
Кафлесакӣ ту,
Ман як наҳангам!
Ту қолаби хушк,
Ман ҷони ҷонам.
Ту бенишонӣ,
Ман достонам.
Ту остонӣ,
Ман осмонам.
Ту мурдазода,
Ман ҷовидонам!
* * *
Оҳ, эй зан, зани оташбунёд,
Оҳ, эй зан, зани пуршӯру шарар,
Ту маро сӯхтӣ шаб дар оғӯш,
Саҳарам рондӣ кафи хокистар.
Бахтдуздии ману ту як шаб
Дар паси пардаи зулмат бигузашт.
Ҳеҷ кас шоҳиди он дуздӣ набуд,
Гарчи бо ларзаю даҳшат бигузашт.
Рахти оҳории атрогинат
Шоҳиди зилзилаи дунё буд.
Сари савдоии мардум хуфта,
Байни мову ту сару савдо буд.
Хирмани мӯи ту – хирвори бало,
Лабат аз шӯру шааф меларзид.
Дили бебоки ту бо он ҳама шавқ
Боз аз нангу шараф метарсид.
Шеър хондам ба ту аз дафтари дард,
Ту пазируфтиву бовар кардӣ.
Сари ҳар байти сафопарвари ман
Чеҳраи хеш мунаввар кардӣ.
Баъд аз он шоири худ хондӣ маро,
Баъд аз он ишқи ту гиротар шуд.
Шеъри ман ҳусни туро вом гирифт,
Чун ту зеботару шевотар шуд.
Баъд аз он сафҳаи ҳар иншоям
Сафҳаи рӯи сафедатро дошт.
Баъд аз он шиддати ҳар мисраи ман
Нусхаи ишқи шадидатро дошт.
Бахти дуздидаи мо аз тақдир
Мушти сангин ба қазову қадар аст.
Шукри он бахтрабоӣ аз вақт,
Ки насиби ману ту он қадар аст.
Гарчи сад бор фалак теғ кашид,
Ба дили мову ту, мо зинда ҳанӯз.
Хотири шеъри ману хотири ишқ
Ману ту, шукри худо, зинда ҳанӯз!
Ишқи ту, эй зани покизаназар,
Шоири покназар кард маро.
Қудрату шӯру шарорам бахшид,
Раҳрави роҳи ҳунар кард маро.
Он ҳама шеър, ки гуфтам дар ишқ,
Бахудо, як қалам ашъори ту аст.
Аз ман осоре агар мемонад,
Бахудо, як қалам осори ту аст.
Гар ту бишнохтиям ошиқи хеш,
Ошиқи ҷумлаи дилҳоям ман.
Гар ту бишнохтиям шоири хеш,
Шоири ҷумлаи дунёям ман!
2.4.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед