Барои дилкушодон даҳр танг аст

Басо бишнида гуфтори ҳавоӣ,
Надидам роҳу расми ошноӣ.
Агар ман бевафо будам, дуруст аст,
Ки дунё дошт бо ман бевафоӣ.
Аз он лабҳо, ки лабрези сафоянд,
Аз он чашмон, ки дилро мекушоянд,
Ҳама дуздон зи дуздӣ даст шӯянд,
Чу мо гар бӯсаи дуздӣ рабоянд.
Даме дастат ба дастам кардӣ, эй гул,
Набудам, боз ҳастам кардӣ, эй гул.
Ба ман як соғари май додиву лек
Ҳазорон сол мастам кардӣ, эй гул.
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз паи чиз?
Зи ҳар осори мо дар дил асар нест,
Ниҳоли умр доим пурсамар нест.
Раҳи кайҳон шавад наздик, аммо
Раҳе аз роҳи дилҳо дуртар нест.
Ҷавонему ҷавонему ҷавонем,
Беҳин меросдорони замонем.
Замин паст, осмон аз бас баланд аст,
Миёнҷии замину осмонем.
Агар мардони раҳ дар раҳ бимонанд,
Магӯ, онҳо касони нотавонанд.
Агар худ ноумеди нимароҳанд,
Умедеро ба манзил мерасонанд.
Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд.
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
Дили мо мазҳари оянда бошад,
Туфайли мо ҷаҳон поянда бошад.
Ҳазорон зиндагон мурданду рафтанд,
Замини мурдае то зинда бошад.
Туро ҷуз марди бопаймон наёбад,
Туро ҷуз ғолиби майдон наёбад.
Ту он кони тилоӣ, духтари кӯҳ,
Ки ҳар як кӯрдил осон наёбад.
Ҷаҳону зиндагонй бо ту зебад,
Суруру шодмонӣ бо ту зебад.
Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ки имрӯз
Хушиҳои ҷавонӣ бо ту зебад.
Ҷудо аз ту парешонӣ маро кушт,
Ҷудо аз ту пушаймонӣ маро кушт.
Ҷудо аз ту пушаймонӣ чӣ бошад,
Ки вовайлои пинҳонӣ маро кушт.
Хатои ту ҳама зебост, эй дил,
Ниҳони ту ҳама пайдост, эй дил.
Ҳар он неку баде, ки аз ту ояд,
Бақои мо, фанои мост, эй дил.
Барои дилкушодон даҳр танг аст,
Барои шишадилҳо даҳр санг аст.
Барои чашмтангон умр мол аст,
Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед