БАРОИ ГУЛ ЧАМАН ОРОСТ САБЗА
Чу Хизри бӯстон бархост сабза,
Барои гул чаман орост сабза,
Гахе пинҳон, гаҳе пайдост сабза,
Геҳе зеру гаҳе болост сабза.
Магар сармояйи савдост сабза,
Ки дар пои гули раъност сабза.
Ба бӯстон мазраъаш дебост сабза,
Аз он сардафтари гулҳост сабза.
. . .
Дамида дар канори ҷӯ бунафша,
Чаманро карда анбарбӯ бунафша.
Ба рӯйи гул ниҳода рӯ бунафша,
Ба як сӯ гул бувад, як сӯ бунафша.
Нишаста бар сари зону бунафша,
Шуда зулфи туро ҳинду бунафша.
Ба сунбул мезанад паҳлӯ бунафша,
Ба райҳон карда гуфтугӯ бунафша.
Шарҳи худро нависед