БАРОИ ОЯНДА

… Шояд он чи маро, ки дар пеш аст,
Ногувортар асту вазнинтар.
Ҳарчӣ бошад бароям оянда
Аз гузашта азизу ширинтар.
Дили ман, розгоҳи деринам,
Мезанад бо навои оянда.
Гуфтаму боз мекунам такрор:
–Зиндаам ман барои оянда!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед