БАРОИ ҶАВОНМАРДОН

mushini_tajik_4

Хушо, эй модари покизагавҳар,
Зи доманат накӯфарзанд овар.
Тасалихонаи фарёди кӯдак,
Лаби домони поки тӯст, модар.
Ба шамъи ҳар ду чашмат чун фаришта
Бисози роҳи тифлонат мунаввар.
Ба мусиқии гарми аллаи ту.
Наояд ҳеҷ оҳанге баробар.
Чу бошад қисмати тифле ба дӯшат,
Ба сад рангаш навозиш ҳадя овар.
Ба мактабхонаи меҳрат биёмӯз,
Варо бо воаҳои шаҳду шаккар,
Нахуст номи накӯ бигзор ӯро,
Шавад то мисли номаш покгавҳар.
Зи қанди порсӣ бар лаб чаконаш,
Саводаш деҳу бинмояш суханвар.
Ба бад гуфтан забонашро маёлой,
Забони талх, охир мебарад сар.
Агарчи дасти сарват хаст боло,
Ҳунар бахшо варо на кӯзаи зар.
Ба кӯдак чашми серу нағзбин деҳ.
Зи роҳи бад равад то ки фаротар.
Ватандорӣ зи доманат шуд оғоз,
Ватандоре ба доманат бипарвар.
Ба гӯшаш ояти васли Ватан хон,
Шавад то худшиносу хешофар.
Ки фарзанди накӯ дар рӯзи мушкил,
Туро бошад анису ёру ёвар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед