БАШОРАТ ОРАД АЗ НАВРӯЗ МОРО ҲАР ЗАМОН ЛАКЛАК

Башорат орад аз Наврӯз моро ҳар замон лаклак,
Кунад ғамгиндили мо з-он башорат шодмаон лаклак.
Шавад холӣ зи барфу зоғ паҳнои замин яксар,
Зи барфу зоғ чун гардад аён аз осмон лаклак…
Дабиристон-ст гӯӣ ошьёну кӯдакон-гунҷишк,
Нишаста чун яке пири муаллим дар миён лаклак.
Зи мурғони баҳорӣ ҳаст лаклак нохушовозе,
Ки созад чун кунад ово, забон аз устухон лаклак.
Ба минқор аз барои он кунад лаклак ҳаме ово,
Ки то чуз бар дуойи хоҷа накшояд забон лаклак…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед