БАХТ

Бахти ман дунёи зебои ман аст,
Бахти ман ҳусни фиребои ман аст.
Бахти ман ишқу фурӯзони дилам
Дар вуҷуди ношикебои ман аст.

Бахти ман андешаҳои тозаам,
Орзумандии беандозаам.
Бахти ман илҳому истеъдоди ман аст,
Розгӯиҳои беовозам.

Бахти ман даргоҳи ободи ман аст,
Хандаи тифлони дилшоди ман аст.
Бахти ман дидори гарми ҳамсарам,
Покии эҳсоси бунёди ман аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед