БАЙТҲО

Китоби мост моро дониши мо,
Ҷаҳондонӣ бувад аз хониши мо.

Ватанро мисли модар дӯст дорем, эй бародарҳо,
Ба монанде, ки модар дӯст медорад шумоёнро.

Уқдаи дилро кушоям ба ҳавас,
Баъди он озод то гирам нафас.

Чун сухан гӯяд муаллим, донишаш пайдо шавад,
Найза чун каҷ меравад аз даст, касс расво шавад.

Чун сухан  пухта гардон дар даҳонат,
Пасон пеш ор бар нӯги забонат.

Суханро гӯй, додар, бо тааммул,
Сухан беҳтар бувад аз молу аз пул.

Ба дарди дил даво танҳо сухан бошад, сухан бошад,
Ки зеби суҳбати ёрони ҷон дар анҷуман бошад.

То тавоннӣ як диле бар даст ор
Бо ҳадису гуфтаи Парвардгор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед