БАЙТҲО

I
Шӯълаи оташи муҳаббати ӯ
Кард равшан диёри ишқамро.
II
Муҳаббат зиндагиро офтоб аст,
Муҳаббат гар набошад зиндагӣ нест.
III
Ин муаллим, ки зиндагӣ номаш,
Сабақе талх дораду ширин.
IV
Даме ки ғарқи кори хайр ҳастӣ,
На пириро ба ёд овар на айёми ҷавониро.
V
Маро аз шодиву хурсандии дӯст
Накӯтар шодиву хурсандие нест.
VI
Ҳаётамро, сурудамро, вуҷудамро
Бубахшидам диёри хушнамудамро.
VII
“Ҳиммат баланд дор!” –
Туро гуфта буд падар,
Аммо нагуфта буд ки бинит баланд дор…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед