Бе падар

Бепадар кист на оне,ки падар мурда бувад,
Бепадар он,ки зи дунёи адаб бехабар аст.
Бепадар нест магар он,ки адаб мурда бувад,
Аз дари беадабаш ҷамъият озурда бувад.
Ҳақ аз бепадари дагдагаи бе самар аст,
Талаби бе адаби аз амали гову хар аст,
Бе падар аз дари сад мадраса гар дар гузарад,
Оқибат бе падари пайраҳаи бе адаб аст.
Бе падар ҳар,ки шaвад маскани тақво нашавад,
Ҳар агар Макка равад омада мулло нашавад.
Ҳар падар мурда,ки дорад адабе бо падар аст,
Ҳар падар мурда,ки дорад адабе тоҷи сар аст.
Адабу ақлу фаросат падари хар писар аст,
Бе падар кист на оне,ки падар мурда бувад,
Бе падар он,ки зи дунёи адаб бе хабар аст.
Назди мардони ҳунар мояи имон адаб аст,
Лочарам пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар бе адаб аст одам нест,
Фарқ байни одаму хайвон адаб аст.
Кардам аз акл суоле,ки бигу имон чист,
Ақл дар гуши дилам гуфт,ки имон адаб аст.
Як ду рузе,ки дар ин мулки чахон мехмони,
Бо адаб бош,ки ҳосияти мехмон адаб аст.
Чашм бикшою бубин ҷумла «Каломуллох»-ро,
Оят оят ҳамаги маънии»Қуръон»адаб аст.
Рав писар панди падар гуш бикун ҳар шабу руз,
Давлату сарвати тоҷи сари мардон адаб аст…..

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед