Бе ҳусни
Бе ҳусни ту ҷавонии ман пир мешавад,
Уммеди шодмонии ман пир мешавад.
Гар ҳамдилам намешавӣ як лаҳза дар ҷаҳон,
Ишқи дили ҷаҳонии ман пир мешавад.
Фарёдрас намешавӣ гар дар замин маро,
Фарёди осмонии ман пир мешавад.
Ратли гарон бигиру сабук пеши ман нишин,
Авқоти саргаронии ман пир мешавад.
Эй беҳтар аз ҳама, маро бо чашми кам набин,
К-ин даври комронии ман пир мешавад.
Аз ишқи туст даъвии умри абад, биё,
Даъвои ҷовидонии ман пир мешавад.
Дарёб ишқи содаю печидаи маро,
Даврони зиндагонии ман пир мешавад…
Осон куҷо ба маснади иззат расидаем,
Баъд аз ҳазор хорию зиллат расидаем.
Дар хуни хеш ғарқаи гирдоб будаем,
Ҷон додаву ба ҷониби давлат расидаем.
Дар хуни дил нишаставу аз ашки шӯр кӯр,
Сар бохта ба сарҳади роҳат расидаем.
То дастранҷи заҳмати мо донге бар диҳад,