Бедорхобӣ

Бо ту ҳар чӣ рўзҳоям офтобӣ, офтобӣ,
Бо ту ҳар чӣ шомҳоям моҳтобӣ, моҳтобӣ.
Орзуи ошиқона зистан дар ман шукуфад
Тоза аз нилуфару сабзу тар аз гулҳои обӣ.
Обшори гесувонат атр безад дар хиёбон,
Ранги лабҳои ту гирад лолаҳо сурху гулобӣ.
Пушти найзории мижгонат чӣ токистони хамр аст,
Мастам аз ангурии чашмат, батар аз ҳар шаробе!
Гуфтам оию дилам ёбад ќарор андар канорат,
Омадию дил зи пешин беш дорад изтиробе.
Шаҳрбонуи маниву ҳар чӣ дар иқлими дил ҳаст
Маҳри шири модарат, гар дорад он ҳадду ҳисобе.
Дил ниҳам ман ҷойи поят, ту вале бедил шитобӣ,
Кош н-афтад аз «шитобат» «шин», намонад як «итобе».
Ҳар чӣ нозе мекунӣ, нозат кашам, ки нозҳоят
Чун ғазал дар дафтари Ҳофиз надорад интихобе.
Чун наёзад даст сўят ҳар чӣ дасте ҳаст, ман лек
Даст аз ту барнатобам, то наёбам дастёбӣ.
То мабодо хоби нўшини туро ёдам бидуздад,
Посбонии шаби ёди ту дорам, то ту хобӣ.
Гарчиям бедори шабҳо, эй хушо, дигар нагўям
Дод аз он бедорхобӣ, дод аз он беёрхобӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед