Беҳтарин пандҳои тоҷикӣ

Чу паймони озодагон бишканӣ,
Нишони бузургӣ ба хок афканӣ.
Надонӣ, ки мардони паймоншикан,
Сутуда набошанд дар анҷуман.

Аз имрӯз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон.
Валекин куну наст хангоми кор,
Ки нанг андар омад чунин рӯзгор,
Чу некӯ нагардад ба як моҳ кор.
Бимонад ба соле кашад рӯзгор.

Дигар гуфт равшанравон касе,
Ки кӯтох гӯяд ба маънӣ басе.
Касеро, ки мағзаш бувад пуршитоб,
Фаровонсухан бошаду деръёб.
Чу гуфтори бехуда бисъёр гашт,
Сухангӯӣ дар мардумӣ хор гашт.

Ки эй марди бодонишу покрой,
Сухангӯю покизаву раҳнамой.
Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,
Сухан беҳтар аз гафхари шоҳвор.

Забон чарбгӯёву дил пурдурӯғ,
Бари марди доно нагирад фурӯг.
Забонро магардон ба гирди дурӯг,
Чу хоҳӣ, ки бахт аз ту гирад фурӯг.

Касе бошад аз бахт хушрӯзу шод,
Ки бошад хамеша дилаш пур зи дод.
Ба ҳар кор фармон макун ҷуз ба дод,
Ки аз дод бошад равони ту шод.
Аз он пас бар он кас кунед офарин,
Ки аз додаш обод бошад замин.

Вафо чун дарахте бувад мевадор,
Куҷо ҳар замоне нав ояд ба бор.
Чи некӯ турост аз вафодор дӯст,
Вафодори аз дӯстон бас накӯст.
Бидорам вафои ту то зиндаам,
Равонро ба меҳри ту огандаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед