Беному нишон

Чӣ бошад, гар бигирӣ дасти чун ман нотавонеро,
Барӣ ҳамчун камон дар хона беному нишонеро?
Чаман монанди доғи лола дар гирдоби хун афтад,
Агар гӯям ба булбул аз ҷудоӣ достонеро.
Чи сарҳо мондаам чун Меҳру Маҳ дар кӯчаи хорӣ,
Ба худ то дӯст гардонидаам номеҳрубонеро.
Зи шӯхӣ тир оғӯши камонро мекунад холӣ,
Ба зӯр оварда натвон дар бағал сарви равонеро.
Сазои туст, эй парвона, дилсузиву маҳрумӣ,
Ба мағзи ҷон чаро парвардаӣ оташзабонеро,
Мапурс, эй боғбон, имрӯз аз хомӯшии булбул,
Манеҳ ангушт бар лаб, ҳамчу гул, пурхун даҳонеро,
Надидам, Сайидо, аз дилбарон рӯйи вафодорӣ,
Бидеҳ, ё Раб, ба ин булбул баҳори бехозонеро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед