БЕСУБОТИИ ЧОР ЧИЗ
Чор чиз, эй хоҷа, кам дорад бақо,
Гӯш дор, эй мӯмини маймунлиқо.
Ҷаври султонро бақо камтар бувад,
Пас итоби асдиқо камтар бувад.
Бо раият чун кунад султон ситам,
Мардро бошад бақо дар мулк кам.
Гар туро аз дӯстон ояд шитоб,
Камбақо бошад чу хат дар рӯи об.
Гарчи бошад зан замоне меҳрубон,
Чун кам ояд баҳра, бикшояд забон.
Чун ба ноҷинсон нишинад одаме,
Камтарак бинад аз эшон ҳамдаме.
Зоғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,
Нафраташ аз сӯҳбати булбул бувад.
Сӯҳбати ноҷинс ҷолнкоҳӣ бувад,
Ҷумларо з-ин ҳол огоҳӣ бувад.
Чун туро ноҷинс ояд дар назар,
Эй писар, чун бод аз вай даргузар.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед