БИШКУФТ ҶАҲОН

Навбаҳор омаду бишкуфт ба як бор ҷаҳон,
Бар сар афканд замин, ҳар чӣ гуҳар дошт ниҳон.
То зи хобби хуш бишкофт гули сурӣ чашм,
Лолайи сурх бибанданд ҳама аз ханда даҳон.
Парниёнҳову паранд аз кашида ҳама боғ,
Ошиқон гоҳ бар ин соя давон, гаҳ бар он.
Андар он ҳафта, ки бигзашт, ҷаҳон пир намуд
В-андар ин ҳафта ҷавон аст карон то ба карон.
Ман шунидам, ки ба айём ҷавон пир шавад,
Нашунида, ки ба як ҳавта шавад пир ҷавон.
Ман нагӯям, ки майи сурх ҳалол асту мубоҳ,
Гар бувад, в-андар ман или лафз наорам ба забон.
Гӯям: ҳар кӣ бихоҳи, бирав, имрӯз бихар,
Қи дигар борад бад-ин давр расидан натавон.
Хез, то бар гули нав кӯзачаке бода хӯрем
Пеш, то аз гули мо кӯза кунад датси замон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед