Бигрифт кори ҳуснат, чун ишки ман камоле
Бигрифт кори ҳуснат, чун ишки ман камоле,
Хуш бош з-он, ки набвад ин хар дуро заволе.
Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл,
Ояд ба хеҷ маънӣ з-ин хубтар мисоле.
Шуд хатти умр ҳосил, гар з-он ки бо ту моро,
Ҳаргиз ба умр рӯзе, рӯзӣ шавад висоле.
Он дам, кн бо ту бошам, як сол хаст рӯзе,
В-он дам, ки бе ту бошам, як лаҳза ҳаст соле.
Чун ман хаёли рӯят, ҷоно, ба хоб бннам,
К-аз хоб менабинад чашмам ба ҷуз хаёле.
Раҳм ор бар дили ман, к-аз меҳри рӯйи хубат,
Шуд шахси нотавонам борик чун ҳилоле.
Хофиз макун шикоят. гар васли дӯст хоҳӣ,
3-ин бештар бибояд бар ҳаҷрат эҳтимоле.
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед