Бихиште доштем он соат

Биё. гулғун°аи мижюнхамида.
Биё, гулчеҳраи кокулбурида.
На танҳо ман дар ин дунёи равшан.
Худо ҳам чу н ту зебое надида.
Хушо базми дилу ҳам дилситонӣ,
Хушо базми гулу ҳам гулфишонй.
Надонистем қадратрову рафтӣ,
Ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, эй ҷавонй.
Гаҳ аз пириву гоҳе аз ҷавонӣ,
Гаҳ аз андӯҳу гоҳ аз шодмонӣ,
Ғазалро сода гуфтам, лек аслан
Мураккаб сохтам аз зиндагонӣ.
Забоно, эй забоно, эй забоно,
Тавоноӣ, вале ҳам нотавоно.
Сухан гӯяд касе гар пӯстканда,
Кананлаш пӯст аз тан дарзамоно.
Фалак, боре ба мо моро нишон деҳ,
Замон деҳ ё замин ё осмон деҳ.
Чй суд аз гунбади ҳдфтошёнат,
Миёни синаи ёр ошён деҳ.
Туро чун давлати дил мекунам ёд,
Туро чун кисмати дил мекунам ёд.
Чу оғӯ шаз ибодап оҳи ман буд,
Туро дар юати дил мекунам ёд.
Зи ишкат дилфигору синачокам.
Зи ҳаҷрат хастаҷону дарднокам
Ба рӯи хок ёди ман накардй,
Кунй едам. чу андар зери хокам. 
Канори атрогинат куҷо шуд?
Баҳори рӯи бечинат куҷо шуд?
Фиғон аз тадху шӯриҳои қисмат
Мухаббатҳои ширинат куҷо шуд?
Худоё, эй худоё, эй худоё,
Макун ёри маро аз ман ҷудоё
Сурудам дар гулӯ чун мор печад,
Агар ёре набошад ҳамсадоё
Бидидам ман ҳама савдои дунё,
Ҳама вазъу ҳама аксон дунё.
Ба ҷуз кӯи муҳаббат дилнишин нест
Яюн кӯе дар ин паҳнои дунё.
Миёни мо чӣ фарсахҳост, эй дод!
Миёни мо чй барзахҳост, эй дод!
Бихиште доштем он соат, акнун
Миёни мо чӣ дӯзаххост, эй дод!
Зи ҳар ҷониб хабар меояд имрӯз,
Ба ҷони ман шарар меояд имрӯз.
Шумо. эй кӯчаҳои шаҳр. донед,
Ки ёрам аз сафар меояд имрӯз.
Дилам гум мезанад шабҳо, худоё,
Ба ёди он руху лабҳо, худоё.
Агар он моҳрӯ бо ман насозад,
Чи суд аз моҳу кавкабҳо. худоё.
Ҷавони бемуҳаббатро чи гӯям?
Арӯси беназофатро чй гӯям?
Хазон ҳам пеши худ дорад тароват,
Баҳори бсзароватро чй гӯям?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед