Бихобад зуд дар тобут он баттол

Худоё. бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозй.
Илоҳо. беаҷал мирад, касе дорад мағалбозй.
Бихобад зуд дар тобут он баттол, к-аз кӯрй
Ғазалсозии моро дида, пиндорад дағалбозй.
Дар ин дори амал хар кас, ки бошад омили ваҳшат,
Ба заҳроби алам жӯлад зи меҳроби амалбозӣ
Сари роҳи бузургонро касе ғав бандаду гирад,
Кунад як рӯз ё шаб бо сари худ филмасал бозӣ.
Касе. ки қадри ишқу ишқбозиро намедонад,
Кунад ҳар лаҳза бо ифритаи кӯи аҷал бозӣ!
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед