Биё

Чашмҳоям ташнаи дидор шуд охир биё,
Рӯз шому соати гуфтор шуд охир биё.
Ошиқатро ташналаб бо танаҷони мондаӣ,
Дар раҳи ту дидаҳо хуншор  шуд охир биё.
Рафт аз лаб хандаҳои чеҳразебам баъди ту,
Бар сарам дарду маломат бор шуд охир биё.
Ҳар ниҳол бо ҳам нишондем дар замини орзӯ,
Сар кашиду реша зад гулзор шуд охир биё.
Ҷоӣ ту холис дар дил ту намедони магар,
Қиссаи мо зиннати дарбор шуд охир биё.
Модарона гиря кардам вақти рафти аз барам,
Лаҳни ширинат ба ӯ дар кор шуд охир биё.
Аз Саӣд ғамхортар ҳаргиз намеёби дигар,
Синааш аз ғуссаҳо афгор шуд охир биё.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед