БИКШОД НИҚОБ АЗ РУХИ ГУЛ БОДИ БАҲОРОН

Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон,
Шуд тарфи чаман базмгаҳи бодагусорон.
Шуд лоласитон гарди гул, азбаски ниҳоданд
Рӯ сӯйи тамошойи чаман лолаузорон.
Дар мавсими гул тавба зимай дер намепояд,
Аз сабҳашуморон матлаб гавҳари мақсуд,
К-омад садафи он кафи ангурфишорон.
Бар сӯҳбати гул дил манеҳ, эй, мурғ ки чун ту
Гаштанд дар ин боғу гузаштанд ҳазорон.
Аз гумшудагон зери гул омад ба ту сабза
Ҳамчун хати ёрон, ки нависад ба ёрон.
Бин ғӯнчайи нашкуфта, ки овард ба сӯят
Сарбаста паёме зи дил синафигорон.
Чомӣ, наравад сӯзи ту аз сина ба гиря,
Доғи дили лола нашавад шуста ба борон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед