Бино чу фитод, барнахезад дигар

Мероси азизи мурдагонем ҳама,
Аз умр ба умр нардбонем ҳама.
Дар хони замин барои нони хуршед
Ёрони азиз, меҳмонем ҳама.
То чашм задем, офтоб омаду рафт,
Як рӯзи ҳаёт мисли хоб омаду рафт.
Шогирд ба дарси устодаш гӯӣ
Бедафтару хомаю китоб омаду рафт.
Ёдат зи дилам дар ин шаби тор гузашт,
Ҷонам ба хаёлат аз таҳи дор гузашт.
Аммо чӣ кунам, зи ишқ ношукрии мо
Бисёр гузашту кор аз кор гузашт.
Беқадр бувад, ҳар он чӣ доим пайдост,
Боқадр намояд, он чӣ тухми анқост.
Бадрӯй намояд, он ки бо мост мудом,
Хушрӯй намояд, он ки дур аз бари мост.
Гарде ҳама аз гардиши гардун хурдем,
Дар ишқ ғами Лайлию Маҷнун хурдем.
Аз синаи модарон ҳама шири сафед,
Аз синаи таърих ҳама хун хурдем.
Як пораи санг бас шарарҳо зояд,
Як зарра худ инқилоби дунё зояд.
Таърих, зи баҳри он, ки раҳгум назанад,
Чун модари кӯр тифли бино зояд.
Чандон нахурам бода, ки гардам беёд,
Наъра накашам, ки зиндагӣ доду надод.
Нанг аст ба мастй шуҳра гаштан, аммо
Ҳар кас, ки чу Хайём хурад, нӯшаш бод!
Бо оби ҷабин кунем таъмири замин,
Бо ақл раво кунем тадбири замин.
Дар рӯи замин пой ниҳодан саҳл аст,
Ё тири замин шавем, ё зери замин!
Рӯзу шаби рӯзгори пуршӯр гузашт,
Аз пеши назар гузашт, аз дур гузашт.
Бисёр давидам аз паяш чун ошиқ,
Ӯ лек чу як духтари мағрур гузашт.
Хиште нашудам, ки қаср бунёд кунанд,
Рӯде нашудам, ки боғ обод кунанд.
Як байт шудам, ки вақти мастӣ хонанд,
Аз мастии шоиронаам ёд кунанд.
Дар ҷодаи умр тӯшаи роҳгузар
Бошад ба кафи ду даст ҷону дилу сар.
Гар кӯр ба раҳ фитод, бархезад боз,
Бино чу фитод, барнахезад дигар.
Дар чеҳраи мо доғи ҷунун меафтад,
Дар пардаи поки чашм хун меафтад.
Истораи мо дар осмон доим нест,
Як рӯз ба хок сарнагун меафтад.
Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст,
Ин бофтаи сарони бефарҳанг аст.
Дунё зи барои дӯстиҳост фарох,
Аммо зи барои душманиҳо танг аст.
Кори ҳама кас баробари ҳиммати ӯст,
Умри ҳама кас нишонаи қимати ӯст.
Даҳчанди қад аст ҳайкалу мақбара, лек
Қабри ҳама кас баробари қомати ӯст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед