Бишӯяд тоза як ғамро валекин

Ҳасудо, кам мабин, ман беҳисобам,
Ҳазорон сол дар аҳди шабобам.
Ту аз як козаи пурдуда ҳастӣ,
Ман аз як дудаи пурофтобам!
Магӯӣ норасу нокораҳое,
Магӯӣ тахтасангу хораҳое.
Биҷунбад бо суруди пири Рӯдак
Дар ин куҳпораҳо гаҳвораҳое.
Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик!
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик!
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!
Навиди роҳату шодӣ муборак!
Умеди хонаободӣ муборак!
Ало, эй тангмайдон миллати ман,
Туро даъвои Озодӣ муборак!
Дилам хун шуд, ки хунрезӣ набошад,
Миёни ҳамгинон тезӣ набошад.
Дилам хоҳад, ки ҷуз такдири миллат
Касе андар ғами чизе набошад.
Басо даъвост байни ону ине,
Миёни ҳизбу ойиневу дине.
Миёни ин ҳама фарзу яқине
Раҳат испед, фардоофарине!
Ало, ёрон, дили ёрон бидонед,
Зи худ шайтони ноёрӣ биронед.
Давоми умри ман дар дасти ман нест,
Давоми «Резаборон»-ро бихонед.
Ман аз имои дастони ту мастам,
Зи атри сунбулистони ту мастам.
Чу модарзода чашмони ту мастанд,
Ман аз чашмони мастони зу мастам.
Ба ёдат, эй бути гарданфарозам.
Шабу рӯзи худо дил мегудозам.
Расидан х,еҷ натвонист, афсӯс,
Ба мӯи кӯтаҳат дасти дарозам.
Ҷавонии туро нозад дили ман,
Маро баҳри ту барбозад дили ман.
Ниҳоли қоматат бинам гулафшон,
Ҷавонии нав оғозад дили ман
Яқин, бесозу баргам мекунй ту,
Ба кӯи дард таркам мекунӣ ту.
Зи ашки лалмият дарёфтам ман,
Ки охир ташнамаргам мекунй ту.
Шабу рӯзу шабу рузу шабу рӯз
Диламро мехурад андӯҳи ҷонсӯз —
Диламро мехурад дарде, ки рӯзе
Туро нодида мемирам. дилафрӯз!
Ба суи лаб чу соғар мебарй ту,
Ҷаҳон ояд чу дилбар дар бари ту.
Бишӯяд тоза як ғамро, валекин
Ҳазорон ғам физояд, бар сари ту.
Агар парвардаи Боми ҷаҳонӣ,
Хаёлат, ёфтӣ номи ҷаҳонӣ?
Агар дар оташи хуршед пухтй,
Маранҷ аз ман. ҳамон хоми ҷаҳонӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед