Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ибтидо мекунам ба номи Худо,
К-аз ду ҳарф офарид арзу само.
Номи ҳақ бар забон ҳамеронам,
Ки ба ҷону дилаш ҳамехонам.
Молику сониъу қадиму ҳаким,
Холиқу розиқу рауфу раҳим.
Ҳар чи ҳаст аз баландию пастӣ,
Ҳама з-ӯ ёфт сурати ҳастӣ.
Тоати ӯст фарзу айн шуда,
Бар ҳама халқ ҳамчу дайн шуда.
Дод моро китоб, то хонем
Кард моро хитод, то донем.
Ҳарчи ӯ гуфт , он кунем ҳама,
Тоати ӯ ба ҷон кунем ҳама.
Ҳарчи чи ӯ гуфт , ғайри он кардан,
Нест суде ба ҷуз зиён кардан.
Рӯзу шаб толиби қабули ваем,
Пайраву уммати расули ваем.
Шарҳи худро нависед