Биё бо мо маварз ин кинадорӣ
Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи сӯҳбати дерина дорӣ.
Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ,
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.
Валекин кай намоӣ рух ба риндон
Ту, к-аз Хуршеду Маҳ оина дорӣ.
Бади риндон магӯ, эй шайху ҳуш дор,
Ки бо ҳукми худоӣ кина дорӣ.
Наметарсӣ зи оҳи оташинам,
Ту донӣ хирқаи пашмина дорӣ.
Ба фарёди хумори муфлисон рас,
Худоро, гар майи дӯшина дорӣ.
Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,
Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед