Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ
Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо,
Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо.
Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
То қуллаи мақсуд тапишҳои гавонкоҳ,
Охир ба сад афсӯс сарозер шуданҳо.
Худ тири заминем, вале ҳеҷ надонем,
Бо қади камон худ чй бувад тир шуданҳо?
Масруфи хазон аст гулафшони баҳорон.
Бндруди чаҳон аст ҷаҳонгир шуданҳо.
Аз мирни мо мардум агар гушна бимиранд,
Он бсҳ ки бимирем аз ин мир шуцанҳо.
* * *
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,
Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.
Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ,
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.
Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ,
Бар уммату паямбари миллат гиристам.
Чун на саре на сарваре буд ин саройро,
Ман бар ҷанозаи сари миллат гиристам.
Дар роҳи рост мехурад ҳар дам сикандарӣ,
Бар Қайсару Сикапдари миллат гиристам.
Занги диро зи гардани астар чӣ нағмаест?
Бар зангхурда афсари миллат гиристам.
Хуни бародаре ба бародар раво шудаст,
Бар мадфани бародари миллат гиристам.
Азбас талофие ба талафҳо надоштам,
Ҳар лаҳза дар баробари миллат гиристам.
Гаҳвораҳо тиҳӣ шуданд аз тифлу гиряҳош,
Бар фахри ҳар музаффари миллат гиристам.
Фарзандҳош беҳадаф мурданцу бемазор,
Ман бар мазори модари миллат гиристам.
1992