Бо оташи ишқи пок ҳамзод шавем

Онон, ки ниҳоди поку имон доранд,
Чун шуъла забони оташафшон доранд,
Аз одами шабкӯр надоранд гила,
Аммо гилаҳо зи рӯзкӯрон доранд.
То тоза шавему тозабунёд шавем,
Бо оташи ишқи пок ҳамзод шавем.
То он ки шавем аз ғуломӣ озод,
Бояд зи ғуломии худ озод шавем.
Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,
Аз бӯсағаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,
Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,
Бе рӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.
Онҳо, ки ба мисли чӯби зарандуданд,
Берун чу тилою аз дарун беҳуданд.
Аз баҳри фиреби чашм рахшанд даме,
Оташ бинамоянд, валекин дуданд.
Ҳамқисмати ҳар суру азо бояд буд,
Дар ғамкадаҳо тарабфизо бояд буд.
Берун зи ғазою беҷазо будан чист?
Он беҳ, ки ҳамеша дар ғазо бояд буд!
Онҳо, ки барои нафси худ бехобанд,
Маҳтобшабон чу кирмаки шабтобанд.
Ғофил зи хурӯшу шӯриши дарёҳо
Дар соҳили рӯд чоҳи обе кобанд.
Хушбахт касе. ки ном бар ном орад,
Дар нди Ватан ҷону дил инъом орад.
Монандаи кӯлвори қосид ҳар субҳ
Холӣ шаваду ба халк пайғом орад. 
Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунед.
Номе ба харита нест аз деҳаи ман,
Ёрон, зи суруди ман варо ёд кунед.
То чархи фалак хаёли мо афзун рафт,
Бисёр зи дида ашку аз дил хун рафт.
Нашкаста пари Дедалу Икар зинҳор
Варна ба суи фалак Гагарин чун рафт?!
Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
Ҳар кас ки надид, хоби маргаш бибарад.
Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед