Бо Пешвои миллатем

Дар бостони мулки хеш
Ҳастем мо насли ҷавон,
Рамзи баҳоронем мо
Як умр бар рағми хазон.
Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шуҳратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем!
Пушту паноҳи мо — Ватан,
Пушту паноҳаш мостем,
Сар пеши пояш мондаем,
Дар хидматаш барпостем.
Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шуҳратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем!
Моро ба роҳи зиндаги
Ҳар пешаву коре бувад,
Як пеша аммо муштарак
Моро ватандори бувад.
Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шухратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем!
Аз Пешво омухтем
Бо сидқу бо меҳру вафо
Бар кишвару бар халқи хеш
Кардан ҷавониро фидо.
Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шуҳратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем!
Морост дар роҳи ҳаёт
Ин азму ҷавду орзу
Хоки Ватанро зар кунем,
Оби Ватанро обру.
Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шуҳратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед