БОДИ НАВРӯЗӣ

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон зоҳир шавад,
То ба сеҳраш дидаи ҳар гулбоне нозир шавад.
Гул, ки шаб соҳир шавад, пажмурда гардад бомдод,
В-ин гули пажмурда чун соҳир шавад, зоҳир шавад.
Абр ҳазмон пеши рӯи осмон бандад ниқоб,
Осмон бар рағми ӯ дар бӯстон зоҳир шавад.
Зардгул бемор гардад, фохта беморпурс,
Ёсуман абдул гардад, хурдвмо зоир шавад.
Остини настаран пурбайзаи анбар шавад,
Домани бодомбун пурлӯълӯи фохир шавад.
Мурғи бебарбат ба барбат сохтаи доно шава,
Оҳу андар дашт чун маъшуқагон шотир шавад.
Булбули ширинзабон дар ҷавзбун ровӣ шавад,
Зандбофи зандхон бар бендбун шоири шавад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед