ЭЙ БОДИ НАВБАҲОРӣ!
Эй боди навбаҳорӣ, бӯйи биҳишти дорӣ,
Аз сӯйи гул расидӣ ё пайки он нигорӣ?
Не, инчунин насиме аз гулистон наёяд,
Маълум шуд зи бӯят, к-аз ҳамдамони ёрӣ.
Бӯе, ки рӯҳ бахшад, дилро футӯҳ бахшат,
Аз зулфи ёрам омад, эй гул, ту он нигорӣ.
Чун қоматаш хиромон гардад миёни бустоон,
Он ҷо ту худ кӣ бошӣ, эй сарви ҷӯйбори
Шарҳи худро нависед