БОИСИ ЗАВОЛИ САЛТАНАТ
Чор чиз омад фасоди подшоҳ,
Бо ту мегӯям, вале дораш нигоҳ.
Аввал андар мамлакат ҷаври амир
Дигар он ғафлат ки бошад дар вазир.
Ранҷи шаҳ бошад хиёнат дар дар дабир,
Бад бувад гар қуввате ёбад асир.
Чун кунад дар мулки шаҳ мире ситам,
Подшаҳро з-ин сабаб бошад алам
Чун бувад ғофил вазири бехабар,
Мулки шаҳ аз вай бувад зерузабар.
Гар халал дар китоби девон бувад,
Оқибат ранҷи дили султон бувад.
Гар асиронро шавад қувва падид,
Дар вилоят фитнаҳо гардад ҷадид.
Чун салобат дар вуҷуди шаҳ бувад,
Дасти мирон аз ситам кӯтаҳ бувад.
Гар набошад воқифу доно вазир,
Подшаҳро з-ӯ бувад ранҷи касир.
Гар надорад шаҳ сиёсатро ба кор,
Мукл вайрон гардад аз ҳар нобакор.