Борони баҳор
Дар чорзарби тундар,
Дастури навбаҳорист.
Айёми дилситонӣ,
Айёми дилсупорист.
Ангезаи муҳаббат,
Дар чаҳ-чаҳи ҳазор аст.
Дар ғул-ғули канорӣ,
Дар ишваи нигор аст.
Ҳам лола, ҳам сияҳгўш,
Аз нашъаи баногўш
Ин ҳарду дўш бар дўш
Беёду масту мадҳўш.
Аз нашъаи баҳорӣ
Пар-пар занад кабутар.
Дар рақси ошиқона
Пар меканад кабутар.
Тадбири барқи гардун
Кардем барқгардон.
Тадбиру чорае нест
Аз барқи шўхчашмон.
Шогунаҳо муборак,
Ай чашми лоҷвардӣ,
Дил мезанад такопў,
Бо ҷони мо чӣ кардӣ?
Як даста нур афкан,
Ай барr, ай саҳобӣ,
Озурда кард моро
Нуқсони барқи обӣ.
Сад барқи хуштабассум,
Дар барқ – барқи дандон.
Аз барқ – барқи дилҳо,
Рухсораҳо дурахшон.
Зад барқи сабз шўъла,
Аз ханҷари санавбар.
Сад барқи сурху равшан,
Аз лола мезанад сар.
Аз шавкати каёнист,
Ин суру ин шаҳомат.
Аз фарри хусравонист,
Ин шeру ин қиёмат.
Ё шур дар раги хун,
Ё беқарорӣ xорист.
Ин Яшти паҳлавонӣ,
Ганҷест, ёдгорист.
Шўру фалаксароӣ,
Дар ҳалқу дар раги хун.
З-ин шўр лол монда,
Ҳам раъду барқи гардун.
Ин ишқи тоҷдорон,
Ин сури ориёнист.
Сад марҳабо, азизон,
Ин базми хусравонист.