БОРОНИ ТИРАМОҲ

Рехт борон… торҳои сим-сим
Хуш навои осмонӣ доштанд.
Зеру бамҳошон ба рӯи бомҳо
Муждаҳои меҳргонӣ доштанд.
Рехт борон… риштаҳои нуқрагун
Шуд сари дӯши дарахтон шилшила.
Мечакид аз панҷаҳои баргҳо
Ҳамчу зардоб аз кафи пуробила.
Рехт борон… Гесувони обияш
Бӯи дашту бӯи коҳу беда дошт.
Дошт бӯи сабзаҳои сӯхта,
Бӯи мағшуши гули хушкида дошт.
Рехт борон аз сари шаб то саҳар
Аз дили ман ҳузни ширин сар кашид.
Аз таровишҳои эҳсоси баланд
Хотирам болиду шӯриду дамид.
Рехт борон… гӯши ҷони ман шунид
Аз лаби гул хандаҳои вопасин.
Аз шамоли хашмиву печону тунд
Тухми гулҳо рехт дар рӯи замин…
Рехт борон… гар ғубор аз рӯи гул
Бистурад бо лутф борони баҳор,
Бо ҳазор афсӯс борон тирамоҳ
Аз рухи барги хазон шӯяд ғубор.
* * *
Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ,
Мурғакони бемакон дар хештан печидаанд.
Шохсорон сархаму хомӯш зери бори барф,
Гӯиё аз рӯзгори хештан ранҷидаанд.
Ман зи пушти шиша мебинам, ки аҳли рӯзгор
Аз паи кореву ёре медавад болою паст.
Гар ғубори барф биншаста ба мижгони яке,
Дар рухи дигар ғубори зиндагӣ биншастааст.
Мезанад минқор андар симҳои мавҷгир
Мурғаке то пай барад аз розҳои осмон,
Мурғаки дигар панаҳ бурдаст зери пардабом,
Аз баландӣ бингарад дар ҷунбуҷӯли одамон.
Ин бинои рӯ ба рӯ чун махзани пӯшида аст,
Сар бурун н-орад касе аз шишаи балкони ӯ.
Барф меборад башиддат то дами шом аз саҳар,
Чун зимистон аст, инак – навбати даврони ӯ.
Хонаам аз дуди танбоку чу берун тира аст,
Бар машомам лек доим мерасад бӯи баҳор.
Ман баҳоре дораму шеърам аз ӯ гул мекунад,
То ки орад ошиқонро шеъри ман бӯи баҳор…
* * *
Тирамоҳ асту барг мерезад
Дар лабонаш таронаи падруд.
Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст,
Меравад хастаҷон ба хонаи буд1.
Ёд орам зи чашми бодомат,
Накҳати навбаҳор меояд.
Ёд орам чу хандаҳоятро,
Қаҳ-қаҳи обшор меояд.
Тирамоҳ асту рӯд хушкида
Хушклаб мондаанд соҳилҳо.
Зоғҳо мепаранд фориғбол
Доғсон дар фазои манзилҳо.
Баҳри мо лек навбаҳори дил аст,
Дар дили мо талотуми дарёст.
Парфишонии баргҳои хазон
Болафшонии парастуҳост.
Чор ҳадди Душанбе чун девор
Кӯҳҳо сарсафед гардиданд.
Нафаси барф мезанад ба димоғ,
Чашмаҳо нопадид гардиданд.
Шукри қисмат, ки мо ҷавон астем,
Чашмаи шавқи мо хурӯшон аст.
Гар баҳорам ту бошӣ, бокам нест,
К-аз паи тирамаҳ зимистон аст…
* * *
Дар зарҳали уфуқ хуршед ғарқ шуд,
Дар теғаҳои кӯҳ нури амонат аст.
Эй офтоби ман, маштоб бар ғуруб,
Ман ошиқи туам, ошиқ ғанимат аст!
Дар сояи ғуруб шуд ғарқ сояҳо,
Хам шуд ба пушти кӯҳ мижгони офтоб.
Эй рӯзи зудранҷ, сабре, таҳаммуле,
Як дам дароз кун даврони офтоб!
Чатри сияҳ кашид шоми сияҳгилем,
Хуршед пушти кӯҳ гардид нопадид,
Падруд, офтоб, хуш бош то тулӯъ,
Ман ошиқи туам, дунёст бо умед…
Танҳоӣ мекашам ҳар рӯз дар ғуруб,
Ҳарчанд дар дилам шӯри муҳаббат аст.
Эй меҳрубони ман, бо ман даме нишин,
Ман ошиқи туам, ошиқ ғанимат аст!
* * *
Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ
Дар ҳавои хонаам печидаед,
Кардаед андар сарам бозорҳо,
Дар дили девонаам печидаед.
Эй хушо, пиндорҳои гармрӯ,
Гармие дар ҷони ман афзудаед.
Дил ба оҳанги шумо бозӣ кунад,
Ё шумо бозичаи дил будаед.
Эй хушо, ангезаи бахти баланд
Аз замин то осмонам мебарад,
Аз миёни ин ҳама жӯлидагон
То ҷаҳони нуриёнам мебарад.
Эй хушо, эҳсоси гарму шавқу шӯр
Мепазад андешаи хоми маро.
Гӯӣ хумдонест дар ман баҳри ман,
Мепазад чун мушти гил номи маро.
Эй хушо, парвози беболу паре
Дар фазои орзуҳои наҷиб.
Ё хаёли бахт, ё бӯи умед,
Ё ниёзи ошиқи меҳнатнасиб.
Эй хушо афсонаҳо, афсонаҳо…
Ман шуморо ҳамчу кӯдак кофтам.
Дар ҷаҳон гар аз шумо номе набуд,
Ман шуморо баҳри худ мебофтам…
* * *
Ҳар ғуруб оям лаби рӯди равон
Офтоб аз об доман баркашад.
Ҳамсуруди мавҷҳои пуршикан
Аз дили ман нағмаҳое сар кашад.
Чарх мегардад сарам гирдобвор
Мебарад чашми маро ҷарёни рӯд.
Як нафас омехта бо мавҷҳо
Мешавад ҳамшӯру ҳамтуғёни рӯд.
Чашм мебардорам аз амвоҷи об,
Боз меёбам, ки андар соҳилам…
Бишнавам аз зарбаҳои латмаҳо
Зарбаи тунди тапишҳои дилам…
Он қадар хоҳам, ки бошам мисли рӯд,
Умри худро сарфи навбофӣ кунад.
Ҳар қадар лойоба омезад ба ӯ,
Дар раҳи туғён варо софӣ кунад.
Баски ман андар сарои обу гил
Хоҳаме донист рози бошу буд.
Гар набошад дар бисоте шоирӣ,
Аз ҳаёҳую такаллуфҳо чӣ суд!?
Хилқати ман маншаи ҳайвонияст,
Маънии ҳастӣ маро инсон кунад.
Ақли ҷӯё панд меёбад зи фанд,
Пои пӯё роҳро осон кунад.
З-ин сабаб чун рӯди оғози баҳор
Гаҳ нагунҷам дар мақоми хештан.
Гоҳ лек он сон бадам ояд зи худ,
Хештанро хоҳам аз нав сохтан.
Хуб медонам, ки ҷуз шеъри расо
Арзу доди оҷизон монад сабил.
Доғи пироҳан ҳама бинанд зуд,
Кас набинад доғи нангу доғи дил…
Хуб медонам, ки саҳни зиндагӣ
Буда ҷанги шишаҳову сангҳо.
Гоҳ худро будаам бо табъи дил,
Гоҳ дур аз хештан фарсангҳо.
Гоҳ то ширин шавад талхии умр
Аз хуми меросие май мезанам.
Оламеро баҳри андарёби худ
Аз замин то осмон пай мезанам.
Мешиносам ҳадди худ дар зиндагӣ,
Мекунам тармим ҳар дам хешро.
Мешиносам кӯри худ бинои кас,
Мешиносам ақли дурандешро.
Лек гарчи бо ҳама нуқсу камол
Бар набарди зиндагӣ омодаам,
Бо ҳама тадбиру эҳсоси наҷиб
Эй шигифто, содаам ман, содаам…
* * *
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.
Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара,
Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ
Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.
Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст,
Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо.
Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила
То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.
Шукр гӯям обу нонеро, ки аз ранҷи ман аст,
Гарчи дастам ҷӯ наканду дона дар хоке накошт.
Шарм медорам ба ҷои он ҳама бемоягон,
Ки ба як мисқоли худ хирворҳо хоҳанд дошт.
Шукр гӯям толеамро, ки насибам сохтаст
Ҳамзамонии ҳама эъҷозҳо, парвозҳо.
Чун Гагарин гар набошам аввалин кайҳонкушо,
Кардаам парвозҳое дар ҷаҳони розҳо.
Шукр гӯям ҳастиро, к-аз шавқ меҷӯшад дилам,
Гар наҷӯшад дил, бисоти умр рангин аз куҷост?
Шукр гӯям ҳар тапишро, ки нидои зиндагист,
Гар набошам, ин ҳама эҳсоси ширин аз куҷост!?
1975
* * *
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз,
Ҳар кӣ аз зиндагиш асар бошад,
Дар шумори ҳама ҳунарҳояш
Мурданаш низ як ҳунар бошад.
Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин
Ҳар кӣ яктост, ҳар кӣ беҳамтост,
Маргаш аз зиндагиш номитар,
Мурданаш низ чун худаш зебост.
Мурд бояд чу Зоя дар таҳи дор,
Ё чу Мӯсо Ҷалил дар зиндон,
То бифахрад Ватан ба ҳар айём
Аз ҳунарномаҳои фарзандон.
Мурд бояд чу Икари густох
Бо паре, ки бисӯхт хуршедаш.
Бо пари сӯхта ба хок афтод,
Лек кай сӯхт боли уммедаш!?
Мурд бояд ба роҳи мақсадҳо
Бо камолу шукӯҳи рӯзафзун,
Чун Комаров, к-аз раҳи парвоз
Чун ситора фитод аз гардун.
Мурд бояд чу Гал1 ҳаме бесар,
То тани бесарат ба гӯр равад.
Боқӣ монад вале сарат ба ҷаҳон,
То сари чанд бесаре бишавад.
Мурд бояд, ки охирин нафасат
Гуфтаи он нагуфтаҳо гардад.
Чашми баста, забони ногӯё
Рӯнамои нуҳуфтаҳо гардад.
Мурд бояд чунон ки мурдани мо
Охирин саҳнаи зафар бошад.
Марги мо бо ҳама ҳунарҳомон
Вопасин саҳнаи ҳунар бошад!
Мурд бояд чунон ки ёд оранд
Аз ғами баҳри халқ хурдаи мо.
Мурд бояд, ки пешпо нахуранд
Зиндагон дар сафар ба мурдаи мо…
1975

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед