БОЗ ЯК МУШТ

турк файласуфи ва тиб устоди ибни
Сино шахсияти ва асарлари ҳақида
тадқиқлар» чоп шудааст…
Бӯалӣ аз дасти туркон дар ба дар буд,
Кӯ ба кӯ буд,
Дар ҷаҳони танг ҳамчун фазлашон
Бо ҷаҳолат, бо разолат рӯ ба рӯ буд.
Лек боз аз дуру аз наздик
(Эй дунёи бӯқалмун, туфу бар гардиши ту!)
Бо ҳама лофу газоф,
Мерасад бар гӯши мо фарёду даъво
Аз куҷое фохирона, аз куҷое омирона:
Бӯалӣ фарзанди мо буд.
Бӯалӣ сарманшаи таърихи мо буд.
Номи мо буд,
Нанги мо буд»… Ҳоказою ҳоказо…
Ман чӣ ҳам гӯям ба ин дарюзахоҳони бузургӣ,
Ки зи пуррӯӣ ҳама дар рӯ ба рӯи довари таърих
Ҳар замон Таърихро таҳриф месозанд.
Дар паноҳи як бузурги қавми дигар
Бенишониҳои худро дам ба дам
таъриф месозанд.
Мавлавиро турк мегӯянд,
Турк меноманд ҳам Зардуштро.
Бӯалиро турк медонанд…
Аз эшон аҷаб нест,
Ки худоро низ рӯзе турк мехонанд…
Ман чӣ гӯям, баски ҳатто ноқисулақле бидонад,
Ки паи даъвои Сино хилқати синоӣ бояд,
Ки зи як модар ду фарзанд ояд эй бас,
Аз ду модар лек як фарзанд н-ояд!
Ҳар бузурге аввалан фарзанди як модар,
Ҳар бузурге аввалан фарзанди як халқ асту пас
Ифтихори ҷумла насли одам аст.
Шоири Ғарб асту Шарқ асту тамоми олам аст!
Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки Бӯалӣ Сино шавад,
Тифли ду гаҳвора не,
Тифли як гаҳвора буд.
Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки нодири дунё шавад,
Кӯдаки як модари бечора буд.
Дидаи таҳқиқ агар доред, хонед,
Гар намедонед то имрӯз, донед,
Номи ӯ Юлдуз куҷо?
Номаш Ситора будааст!
Кӯдаки Истора буд, ки рафт аз дунболи Хуршед,
Кӯдаки Истора буд, ки пар кушод
Дар фазои ҷовидон ҳамболи Хуршед.
Кӯдаки Истора буд, ки дар замин овора шуд,
Кӯдаки Истора буд, ки дар фалак Сайёра шуд!
* * *
Пештар,
Дар он замони меҳру ишқ,
Дар замоне, ки замину осмонат
хонаи беназми ман буд,
Эй басо бо занги телфон, бо садои тозаи
зангӯладорат
Ҳар саҳар бедор мекардӣ зи хобам,
Нагзарад то мурдасон аҳди шубобам.
То ту телфон мезадӣ,
Зиндагониям ҳама бедорӣ буд,
Шӯр буд, ошӯб буб, дилдорӣ буд.
Баъд аз он…
Баъд аз он,
Ки замину осмони хештанро ёфтӣ,
Канда шуд сими телефон байни мо.
То дили ман аз ғами ту канда шуд,
Зиндагиям бо ғамат оганда шуд.
Бе садои занги телфонат,
Бе садои тозаи зангӯладорат
Зиндагии ман ҳама хоб аст дигар,
Сӯзҳои ошиқиям нақш дар об аст дигар.
Хонаи ман баъд аз он гӯр аст, он гӯри хамӯш,
Ки ҳазорон бор агар сунъи илоҳӣ ҳам кунӣ,
Ҳеҷ гаҳ занге намеояд ба гӯш…
27.10.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед