Боз ҳам шохи хаме аз бори ҳосил будаам
Ба ҳама нагмаи ноҷӯр дилам месӯзад,
Ба ҳама тинати бенур дилам месӯзад.
Зи ҳама раъшаи пирона танам меларзад,
Ба асогирии ҳар кӯр дилам месӯзад.
Беди маҷнун шуда сархам зи маломат бинам,
Ба ҳама вадвалаю шӯр дилам месӯзад.
Офтоб аз ҳасади шамъ наафтад зи фалак,
Ба шикояттари пурзӯр дилам месӯзад.
гар гаҳе то ба фалак роҳ барад маҳвора,
ба дили ошики раҳдур дилам месӯзад.
ба раҳи кӯршуда беравуою такутоз,
Ба сари холию магрур дилам месӯзад.
Ба қади модари нирам, ки заминбӯс шуда,
Мениҳад по ба лаби гӯр, дилам месӯзад.
♦ ♦ ♦
Олами тоза биҷӯям. ки бувад олами дил,
Бигзарам аз ғами ҷон, то бирасам бар ғами дил.
Гаири бедардӣ ҳама дарди ҷаҳон дар дили ман,
Ин бувад накди ман аз маҷмаи бешу ками дил.
Ман ҳам аз ҷумлаи кайҳошузаронам, лекин
Роҳ ҷӯям ба фалак аз раҳи печухами дил.
Зиндагонй зи азал гардиши мавзун дорад
Лз тапишҳои таболудаи пайдарҳами дил.
Дил агар мурд, чӣ суд аз шарафи ақли бузург?
Нарасад кош дилеро хабари мотами дил!
Эй хуш он рӯз, ки чун парчами ақл андар Моҳ
Зи сари боми фалак ҷилва кунад парчами дил!
1979
♦ ♦ ♦
Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам,
Мавҷи берунҷаста аз зарфи ду соҳил будаам.
Ҳар қадар дил бурда бошад ҳусни бепарво зи ман.
Он қадар дар фикри дил сар то ба по дил будаам.
Г аштаам ҳарчанд сарсони раҳи ишқу умед,
Ҳамчу мӯри донакаш дар роҳи манзил будаам:
Ҳар гаҳе будаст дасти ман ба гесӯс дароз,
Бо ҳама ноқобилӣ бисёр қобил будаам
Гарчи аз санги диле шохи ҷавониям шикаст,
Боз ҳам шохи хаме аз бори ҳосил будаам. 1979