БОЗ ОМАД ТАМУЗ

Паро агар монӣ ба хоб,
Сӯзад  кафи  по намарӯз,
Хомӣ сакун, аз ҷой хез,
Боз омад айёми тамуз.

Тафсид монанди танӯр
Домони дашту руйи тал,
Аз тасфи гармо кардааст
Кӯҳпоя  ранги рӯ  бадал.

Теғи нигоҳаш мекашад
Аз авҷ  бар сар офтоб,
Ҷӯ  мешавад аз зери мӯ
Бар чашму рӯ дар соя об.

Палак  пажмурдааст,
Хушк  асту ҷӯву нест нам,
Аз ташнагӣ барги алаф
Сар рӯйи раҳ  оварда хам.

Чун ташна гармиро фурӯ
Серӣ  барад  шохи  дарахт,
Бояд шавад ширину  нарм
Ҳар мевае турш атсу сахт.

Гар кашидае  буд нарасид ,
Дар киштзорон  мерасад,
Аз ҳиммати фасли тамуз
Рӯзӣ фаравон  мерасад.

Хомӣ  макун, рӯ барматоб
Аз луфти  тобистон гарм,
Нӯши  нигоҳи  офтоб
Бошад ҳузури ҷони гарм.

Боли реги   нарму гарм гарм
Хобам миёни  нимарӯз,
Хомии худро нимарӯз,
Хомии худро мепазад
Дар дегиҷӯшони  тамуз.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед