Бозичаи офату шикастам доим

Худ қатра, ба баҳри бекарон цил бастам.
Худ зарра, ба хуршеди ҷаҳон дил бастам.
Аклам ба фалак расиду кӯтоҳам худ,
Худ хокияму ба осмон дил бастам.
Оина шикасту неш дар поям шуд,
Ҷонона бирафту дардафзоям шуд,
Аммо қаламе, ки рози дил кард иншо,
Гардид каму нишони дунёям шуд.
Меҳрат чу кушоди банд омад, шодам,
Қавлат чу нидои панд омад, шодам,
То омаданат шикастае будам ман,
Ишқат чу шикастабанд омад, шодам.
Гар ақли ҷавон хато кунад, айб мадон,
Бо як суханаш варо ту беақл махон,
Дидӣ, ту ки гулбуттае дар сояи кӯҳ
Рустаст, биёру дар гулистон бинишон.
Ҷонона, карашмаҳои ту мегузарад,
Хусну шафаку ҷилои ту мегузарад.
Аммо дили ман ба сӯзи худ аз олам
Дар ёди тую вафои ту мегузарад.
Гар шод наӣ, зи иди Наврӯз чӣ суд?
Аз сӯҳбати тори пандомӯз чӣ суд?
Гар нест ба хонаат нпшон аз оташ,
Аз гармии меҳри оламафрӯз чӣ суд?
Эй шӯх, сафои хонадонат нашудам
Гақдир набуд, соябонат нашудам.
Ҳамбазм ш> дам бо ту, қадаҳ паймудам,
Сад ҳайф. ки хоки сстонат нашудам. 
Эй гул, ту замоне 5еби кокул будӣ,
Ҳусни дигаре ба ҳусн меафзудӣ,
Пажмурда шудӣ, фитодӣ аз кокул, лек
Як умр ба ёди ошиқи масъудӣ.
Гаҳ-гоҳ шавам ба кори мардум ҳайрон,
Пурсам зи ҳама: куҷо ҳақиқат, ёрон?
Аз чор тараф садо биёяд: Ҳақро
Аввал зи худат биёб, пас аз дигарон.
То чанд бигӯӣ: Кош ин бошаму он,
Хуршедмисол бошаму моҳнишон.
Аз хеш чй ҷӯӣ он чӣ дар ту набувад,
Он ҷӯй зи худ, ки мебарояд осон.
Сӯзй ҳам агар ки хокбодам накунӣ,
Сад фитна ба бунёди ниҳодам накунӣ.
Бо ёди ту меравам зи дунёю зи ту
Дорам талабе, ки зишт ёдам накунӣ.
Мастам, ба хаёли хеш мастам доим,
Дилдодаи пиндорпарастам доим.
Аз он ки хаёл бо ҳақиқат як нест,
Бозичаи офату шикастам доим.
Оростану зи нав фикандан боқист,
Бархостану зи нав нишастан боқист.
Дунё ба фусуни худ таманно дорад,
Сад ҷома дариду лек ин тан боқист.
Аз рафтани ман ҷаҳон нагардад холй,
Бе будани ман сияҳ нагардад фоле.
Бо пои худ омадам равам цар охир
Бо пои дигар касон. аҷоиб ҳоле*

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед