БОЗСОЗӢ
Бозсозӣ гуфтанӣ гап
Баҳри инсон шуд завол,
Беҷавоб аз баҳри мардум
Гӯё омад савол.
Маънии озодии
Қонунфаромуш дар амал,
Дуздию каззобӣ,
Ноинсофӣ дар авҷи камол.
Бо арақҳои ҷабин
Пул ёфта меҳнаткашон,
Меравад дар коми савдогар
Фурӯ оши ҳалол.
Камбағалро камбағалтар
Гаштанаш – бе гуфтугӯ.
Бойтар гардидани боён
Раҳе, ки бемалол.
Ин ба аҳли илму ирфону
Адаб, санъат ҷавост,
Рӯ ба дарди инқироз
Овардани соҳибкамол.
Гуфта будем иллат афшонему
Покиза шавем,
Дар амал «не хол, бал
Чашме баромад» аз мақол.
«Охир, ин бӯхтон, кӣ гуфт? –
Оянда пурсад аз шумо,
Бозгӯетон, ки шоҳид
Будааст Ӯлмас Ҷамол.
Шарҳи худро нависед