БУБАХШОЙӢ…

Бубахшойӣ,
Ки боре хостам
Бе ёди рӯят шеър гӯям ман,
Зи бӯйи бодҳо бе бӯйи мӯят шеър ҷӯям ман,
Ҳама шеъру сухан
аз ёд рафт он дам,
ҳама ҳусни чаман
барбод рафт он дам.

Бубахшийӣ,
Ки натвонистаам исторагонро ман
Якояк дар само
бо ёди чашмонат биафрӯзам,
Агарчи нест бе ту лаззати шабҳои ғамсӯзам.
Бубахшойӣ,
Ки сӯят чашми дилро дӯхтам ҳар шаб,
Ба танҳоиву дурӣ чун ситора сӯхтам ҳар шаб.
Чу дидам чашмҳоятро ба пеши чашми худ ногоҳ,
Шудам ман аз ҳазорон рози қалби хештан огоҳ.

Ба ёди барги зулфат барги зуфро ҳар куҷо дидам,
Бибӯйидам,
Бибӯсидам,
Ба захми реши дил бастам
Ва барги тозарӯйи зуф, ки нози барги зулфат дошт,
Кунун як барг камтар шуд.

Ҳикоят аз ту гуфтам бодро,
гулбод гашт он бод,
Ба номат номи гулро ҷӯр кардам,
гул шукуфт аз шавқ,
Ба чӯби хушк розатро, ки гуфтам,
Сабзу хуррам шуд.
Бубахшойӣ,
Ки бе ту гул шукуфту бод гардон гашт,
Ва рафт аз сирри номат гуфтугӯ
дар гулшану дар дашт.

Ҳамон як лаҳзаи бе ёди рӯят рафтаам ин буд,
Ҳамон як шеъри дур аз ёди рӯят гуфтаам ин буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед