Бубинам рӯ ба рӯи хеш бо чил кокули мушкил
Чу ҳар боре ба ёд орам гулу бори ҷавониро.
Бубинам рӯ ба рӯи хеш дидори ҷавониро
Бубинам рӯ ба рӯи хеш бо чил кокули мушкин
Ба худ нозидану болидани ёри ҷавониро.
Бубинам орзуҳоям ба чандин ҷилва меҷӯянд
Гаҳ асрори ҷавониро, гаҳ осори ҷавониро
Ду чашмам мепарад шабҳо, ки шояд бинам андар хоб
Нишону рангҳои бахти бедори ҷавониро.
Дили яхбастаам гум мезанад ҳар гаҳ. ки ёд орам
Муҳаббатҳои сӯзону шарарбори ҷавониро
Ба ҳасрат ёд меорам кунун зери хазонборон.
Ҳама гул-гулшукуфтанҳои гулзори ҷавониро.
Кунун миқдоре аз умрам дарогогӯй хоҳад буд,
Надоннстам, дарсгу дод, миқдори ҷавониро.
1982
Шарҳи худро нависед