Будед фиристагони миллат

Эй бознишастагони миллат,
Эй болшикастагони миллат,
Пайвандгарони дӯшу фардо,
Азхешгусастагони миллат;
Аз тарфи ҷаҳону зиндагонӣ,
Эй тарфнабастагони миллат;
Гоҳе таҳи бору гаҳ таҳи ор,
Эй шалпару хастагони миллат;
Эй ҳастаи мо ба саҳни ҳастӣ,
Эй ҷумлаи хастагони миллат;
Гардида раҳо зи дарди мансаб,
Аз сакта нарастагони миллат;
Ҳарчанд залилу хор гаштед,
Будед парастагони миллат;
Пирони муроди навҷавонон,
Покону хуҷастагони миллат;
Бифристаматон дуруд, зеро
Будед фиристагони миллат!
1995

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед