БУЛБУЛОНЕ, КИ ДАР МАВСИМИ ГУЛ ХОМӯШЕМ

Дӯстон, вақти гул он беҳ,ки ба ишрат кӯшем,
Сухани пири муғон аст ба ҷон, май нӯшем.
Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад,
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.
Хуш ҳавоест фараҳбаш, худое, бифирист
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.
Арғанунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст,
Чун аз ин ғуссанонолему чаро нахрӯшем?
Гул ба ҷӯш омаду аз май назадемаш обе,
Лоҷарам з-оташи ҳирмону ҳавас меҷӯшем.
Ҳофиз, ин ҳол аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо:
Булбулоне, ки дар мавсими гул хомӯшем?!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед