Кандагиҳои

Кандагиҳои замон дар нутқи пайвасти шумост,
Ҳақ ба дасти мост, аммо муҳр дар дасти шумост.
Ман, ки имрӯз ошиқи ошуфтарӯзи Лолаам,
Гарчи пирам, мисли ӯ гӯё ки ҳаждаҳсолаам.
Худовандо, чӣ ҳолу рӯз дорам,
Ки сутхоне зи ҳар саг қарздорам.
Дигарон гул чидаанд аз бӯстонҳои баҳор,
Ман гули рӯ чидаам бо бӯсаҳои обдор.
Ситора дар само чашмак заду рафт,
Ҷавонӣ ҳам ба мо як омаду рафт.
Одам асту олам аст,
Олам асту одам аст.
Ба роҳи манзили уммед бояд мурд бо уммед,
Барои бӯсаи хуршед бояд сӯхт чун хуршед.
Шоирӣ ғояти қудрат будаст,
Адабиёт абадият будаст.
Мурғи ҳақ ҳақ мезанад то субҳдам,
Марди ҳақ ҷон меканад то субҳдам.
Зиндагонист марги пай дар пай,
Ту ғами зиндагӣ бихур, ман – май!
Дод аз гардиши ту, эй гардун,
Умр кам мешаваду ғам афзун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед