Баҳор Архив

Баҳор

Сано гуфтанду бо ман бода хурданд, Ба пеши пои ман сад бор мурданд. Маро дар ман ҳазорон бор куштанд, Сано гуфтанду бар хокам супурданд.

Баҳорамро куҷо бурдӣ гули ман

Ағар аз машриқи ваҳдат натобӣ. Бидон ки боз аҳли хурду хобӣ. Чунин бегонапарвар гар бибошӣ, Ту асли хешро ҳаргиз наёбӣ. Надонӣ гавҳари иқбол худ

Ба маҷлисҳову минбарҳо бигӯянд

Бақор омад, баҳори ман наёмад, Гуле аз гулузори ман наёмал. На овое, на савғое, на бахше Зи ишқи бебарори ман наёмад. Сарам қурбони меқри

Маро бигдозу бигдоз

Диле дорӣ, дилозоре надорӣ, Ғаме дорию ғамхоре надорӣ. Чӣ ношукрӣ, чӣ бадбахтӣ, чӣ зуфтӣ, Ки бадхоҳи сазоворе надорӣ. Аламбардори номи ман ту бошӣ, Давоми

Баҳор

Дилам ҷуз васли ту коме надорад, Агарчи аз ту пайғомс надорад. Дилором аст номи ту, валекин Дилам аз ишқат ороме надорад. Канорат беканор аст,

Бихиште доштем он соат

Биё. гулғун°аи мижюнхамида. Биё, гулчеҳраи кокулбурида. На танҳо ман дар ин дунёи равшан. Худо ҳам чу н ту зебое надида. Хушо базми дилу ҳам

Валекин боз мегӯянд мардум

Бие. чоно. ки ҷони ман туро бод, Дили соҳибкиронн ман туро бод. Бакори ман, хазони ман ту будй, Баҳори ман. хазони ман туро бод!

Имрӯз туро қасри забарҷад созанд

Чун даргузарам, рӯҳи маро шод бикун, Номам ба забон биёру фарёд бикун. Ҳар гоҳ, ки ҷоми май фитод аз дастат, Аз ҷоми шикастаи дилам

Дарёст барошуфтаю соҳил барчост

Дарёст равону соҳилаш бепарвост, Дарёст барошуфтаю соҳил барчост. Дарё чу бихушкид, бимонад соҳил Ҳамчун ду лабе, ки аз лаби ёр ҷудост. Нӯшед ба ёди

Фотиҳа бар мазори мо омад

Раҳми парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад. Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд, Ҳотифи

Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам

Зи баҳори ҳусни ёре ба баҳори дил расидам, Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам. Ба канори сарди дунё зи ҳазор барқу оташ

Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо

Баҳор омаду домони теппаҳо сабз аст, Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст. Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо, Нигоҳу чашму дилу ҷони одамо

Зи пой то ба сарам гулфишонй мехоҳам

Баҳор омаду ман сабзҷонй мехоҳам, Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мсхоҳам. Ба пои ёр ба монанди арғувони баҳор Зи пой то ба сарам гулфишонй

Намонад як гул аз боғи баҳорон

Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард, Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард. Тароват кӯч бандад аз ҳарими равшани гулшан Намонад

Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро

Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам, Санги сардам. бо шарори бӯсаҳоят зиндаам. Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро, То ба накди бешумори бӯсаҳоят зиндаам.

МАНУ ТУ

Ҳеҷ оонӣ, ки чй кардем ба модар ману ту? Ё, чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту? Саъи кардем ба вайронии кишвар ману

Гули Лола

Лола бувад бешумор Бо рангҳои бисёр. Лола зарду кабуд аст, Бунафши хушнамуд аст. Ҳам сафед бошад лола Чун арӯси қинола. Аммо аз ҳама зебо

Гули хайри

Гули хайриро аз дур Гумон кунӣ: пиёла, Ки сурх асту сафед аст Дар рӯйи кафи ёла. Пиёла гаҳ пур аз субҳ, Гоҳе зи оби

Гули Нилуфар

Бо дамидани офтоб Н илуфар хезад аз хоб, Мисли парии оби Берун барояд аз об. Гуяд: «Салом, эй офтоб, Эй офтоби ҷаҳонтоб, Аз ҳама

Гули Сияҳгӯш

Гули сияҳгӯш Пайки баҳор аст, Аз вай зимистон Анвар фирор аст. Гули сияҳгуш Гули умед аст, Гӯшаш сияҳ, лек Дилаш сафед аст. Гӯяд: «Ман

ҲУСНИ ЗАМИН

Гулҳо ҳусни заминанд, Базебу нозанинанд. Боғу саҳрову кӯҳсор, Раставу лаби ҷӯбор, Бо гул чунин хушрӯянд, Рангорангу хушбӯянд. Ҳар гул дорад ба худ ном, Ҳам

ГУЛҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар кӯҳу пуштаи мо, Дар боғу киштаи мо Гул бируяд беҳисоб Бо рангу буйи ноёб. Номҳои зебо доранд, Қимати дунё доранд. Бояд онҳоро донем,

Фасли БАҲОР!

Фасли баҳорон омад, Ба хонамон даромад. Одамон иди НАВРӮЗ Ҷашн гирифтанду хуш. * * * Лекин парандаҳои Аккаю зоғи ало… Хомӯш монданду хароб. Бале

Баҳор

Бихандад лола дар саҳро Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр дар гардун Бахруло сони дидаи Маҷнун. Зи оби ҷӯй ҳар соат Ҳаме бӯйи гулоб

Табрикоти наврӯзӣ

Рафиқо, дар сабоҳи фасли наврӯз, Чу гул шуд аз рӯхи гул хандаомӯз. Дар айёме, ки шомаш субҳранг аст, Шабаш чун рӯзу рӯзаш оламафрӯз. Фиристонам

Наврӯзи Муборак!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад, Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад. Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам, Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад! Куртаи сабз ба бар

ТАСВИРИ БАҲОР

Барафканд, эй санам, абри бихиштӣ Заминоро хилъати урдибиҳиштӣ. Биҳишти андро-хури биҳиштӣ. Замин бар сони хунолуда дебо, Ҳаво бар сони ниландуда ваштӣ. Ба таъми нӯш

ПАРАСТУ

Усто парасту Ту пухтакорӣ, Дар лонасозӣ, Ҳамто надорӣ.   Ҳасти ҳунарманд, Усто парсту Ту мекуни кор Аъло, парасту,  

ҚОҚУ

Қоқу сари раҳ, Қоқу лаби ҷар, Хуршеди баҳор, Тобад ба назар.   Як дона ба ту, Як дона ба ман, Хуршеди баҳор, Дар боғу

БАҲОРИ БОРОНӢ

Имсол баҳор серборон, Рӯяд чоқлаву торон. Дашту даман сабз шавад, Ғаладона нағз шавад.   Ҷамбелак, сиёалаф, Рӯида дар ҳар тараф. Чукриву қоқу дар ҳар

БАҲОРОН

Дар дараи Гулдара, Лола расад яксара, Яксара хандон ҳама, Шоду ғазалхон ҳама.   Ин тарафат пит-пилиқ, Он тарафат пит-пилиқ, Қақра қақар кабкакон, Чаҳчаҳа чаҳ

Бодоми баҳорон

Аёми баҳору бомдодӣ Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ. Бар ҷониби марғзор бинӣ, Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ. Ҳаст оби равон равон ба ҳар сӯ,

НИҲОЛ

Ай, ту ниҳоли мевадор, О, ки шинонамат баҳор, Об диҳам, расо диҳам, Серу пурӣ ғизо диҳам.   Сояи ту саодатам, Ҳосили ту ҳаловатам. Хихмати

БАҲОРӢ

Зи навои навбаҳорон биравад зи ҷону дил ғам, Ба нигоҳи мардум орад ҳаваси нигоҳи олам, Ба чамангули фиребо фиканам нигоҳи зебо, Ки даруни ӯ

ЛОЛАГУЛ

Лола гули худрӯй аст, Лола гули хушрӯй аст. Дар гирди санг аст лоа, Сурху хушранг аст лола.   Он ҷо лола рӯйяд, Он ҷо

Ёрӣ

Яке борон шуд Сели калон шуд Дар деҳи хомӯш Доду фиғон шуд: “Бузғоларо бурд” “Гусоларо бурд” Аз чор ҷониб “Баргиру мон” шуд Рафтам ба

Шеъри Бахор

Оё баҳорон омадаст? Води гулафшон омадаст Овози мурғон омадаст Чупон ба илҳом омадаст Оё баҳорон омадаст? Абри гузар гирён шудаст Ҳар сӯ бубин борон

МАНЗАРАИ БАҲОР

Саҳар аз хоб бархезу биё як бор чаманро бин, Гули садбаргро як сӯ, дигар сӯ, он суманро бин. Ту аз беғи биҳишту қиссаи Ҳурон

САБЗАДЕҲ

Офтоб аз теға чун сар мекашад, Те аз сар зар банд бар сар мекашад, Сабзадеҳ бо ташнаҳолии зиёд Нурро пеш аз ҳама дармекашад. Хона-

Табрикоти 8 март барои Бонувон — Модарон

Табрик гуем Шуморо, Бо ин иди баҳорӣ, 8-уми март муборак, Бонувони гиромӣ, Пеш аз ҳама саломат, Бошед аз самими дил, Чеҳраҳои шумоён, Пурнуриаш намоён.

БАРГПАЙВАНД

Ниҳоли сабзи армонҳо, Ту ҳар субҳе шароби ноби шабнамро, Ба ҷоми баргҳои сабз менӯшӣ, Ки сархуш дар ҳавои ишқ меҷунбӣ, Ба нарми дар самои

ГУЛИ ГУЛҲО

Аз ёна гул овардем, Дудона гул овардем, Баҳри қабул овардам, Гули гулҳо  сияҳгӯш. Гули баҳор омада, Муждаи кор омада, Баҳри нисо омада, Гули гулҳо

БАҲОР КӯЧ БАСТ

Бо ханда бигзашт офтоб Аз теғи қӯҳи нӯқратоб. Бар кӯйи бераҳ раҳ кушод, Гармӣ ба оби сард   дод. Вақте ки  аз саҳро гузашт, Гулранг  

САБЗИ САБЗ

Сабза саҳар сар кашид, Сабза  аз хоки тар кашид. Дид осмони сабзи  сабз, Оби равон сабзи сабз, Кӯҳи  гардо сабзи сазб, Дашти  калон сабзи

БАРОИ Чӣ?

Аз саволи беҷавоб Калам  омад ба дард: Барои чӣ сабза сабз? Боҳ барои чӣ зард? Хок сусту мулоим Санг барои чи сахт? Барои чӣ хам

ШОХИ БЕД

Шохи  бед  сабз  гашта рӯзи  бод, Чун  яке  маст  навони  сарнагун. Лола  барги  лаъл  бингар  бомдод, Чун   сари  шамшер  олуда  ба  хун.

БАД-ИН ТОЗАГӣ БАҲОР

Бад-ин хуррамӣ ҷаҳон, бад-ин тозагӣ баҳор, Бад-ин равшанӣ шароб, бад-ин накӯй нигор. Яке чун биҳишти анд, яке чун ҳавои дӯст , Яке чун гулоби

БИШКУФТ ҶАҲОН

Навбаҳор омаду бишкуфт ба як бор ҷаҳон, Бар сар афканд замин, ҳар чӣ гуҳар дошт ниҳон. То зи хобби хуш бишкофт гули сурӣ чашм,

Лола баромад дар Навруз

Навруз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои даъфу чанг баромад, Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

ҒАЗАЛИ БАҲОР

Чашми бадмасти маро шеваи дилдорӣ деҳ Ба дили бехабарам пайки гирифторӣ деҳ. Ба дили соддаи ман эй нафаси наврўзӣ Ҷавҳари теғ бидеҳ, ханҷари айёри

Ба хок гардонад

Чун лола ба навруз қадаҳ гир ба даст, Бо лоларухе агар туро фурсат аст. Май нуш ба хуррами, ки ин чархи кабуд Ногоҳ туро

АБРИ БАҲОР

Сиришки абр ба кардори лӯълӯӣ лолост Насими бод ба кирдори анбари сорост. Сипоҳи барф рамиду сипоҳи лола расиид, Хурӯши зоғ нашасту хурӯши фохта хост.

ЧУН БАҲОР ОЯД

Ҷаҳон аз хулд гӯӣ моя гирад, чун баҳор ояб, Ба чашм аз дурр ҳар даште бистои пурнигор ояд. Болойи хайрию дарди шақоиқро пизиш ояд,

НАВРӯЗ ХУШ АСТ

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст, Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯзхуш аст. Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест, Хуш бошу

ҒУНЧАИ ГУЛ

Як шаб аз навбаҳор вақти саҳар, Бод бар боғ кард роҳи гузар, Ғунчаи гул паём дод бо вай, Гуфт: бар боғ омадам андар, Хаймоҳа

АЗ РӯЗГОРИ ГУЛ

Гетӣ биҳиштовр шуд аз рӯзгори гул, Дар боғ бишкуфид рухи чун нигори гул. Шуд зоғ чун Уторид дар боғ сӯхта, То шуд падид ҷеҳраи

АЙБАИ ҒУНЧА БАРФУРӯХТ МАШЪАЛАЙИ ГУЛИСТОН

Боди сабо барфурӯхт машъалайи гулистон, Шамьи гуҳабор гашт гулбин парвинфишон. Айбаи ғунча кушод размакушойи баҳор, Сидрайи аксун ниҳод бар китифи арғӯвон. Нофайи тотор гашт

ЧУН ХАЙМА КАШИД ГУЛ БА САҲРО…

Чун хайма кашид гул ба саҳро, Шуд хок ба рӯи гул мутарро. Хандид шукуфа бар дарахтон, Чун сиккаи рӯи некбахтон. Аз лолаи сурху аз

ХАБИРИ ГУЛ БА ЧАМАН МЕОРАНД

Хабари гул ба чаман меоранд, Роҳати ҷон сӯйи тан меоранд. Хубрӯёни раёҳин обе Ба рухи кори чаман меоранд. Нафаси бодщи сабо, пиндорӣ, Корвоне зи

ОМАД БАҲОРО ОШИҚОН

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад, Омад нидойи осмон, то мурғи паррон шавад. Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун кавсар шавад, Ҳам

ТАРАБ, ЭЙ ДИЛ, КИ НАВБАҲОР ОМАД

Тараб, эй дил, ки давбаҳор омад, Аз сабо бӯйи зулфи ёр омад. Ҳон назора, ки гул ҷамол намуд, Бин тамошо, ки навбаҳор омад. Ба

АЛАМИ ДАВЛАТИ НАВРӯЗ БА САҲРО БАРХОСТ

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост, Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархос. Бар арӯсони чаман баст сабо гуҳаре, Ки ба ғаввосии абр аз

РОҲИ БӯСТОН

Саборо гоҳи он омад, ки роҳи бӯстон гирад, Замонро сабза дар дебову гул дар парниён гирад. Ҷанҳад аз чашм мавҷи обу ларзоон дар замин

ХУШ БУВАД СОҒАРИ ПУРБОДА ДАР ФАЙЁМИ БАҲОР

Хуш бувад соғари пурбода дар файёми баҳор Хуш бувад соғари пурбода дар айёми баҳор, Хоса дар сояйи гулҳои тарандоми баҳор Ошиқи зори баҳор аст

ЧАМАН ДИЛБУРДАЙИ ОЙИН МЕКУНАД БОЗ

Чаман дилбурдайи ойин мекунад боз, Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз. Насими хуншафас бо ғунча ҳар дам Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз. Шукуфа ҳар заре,

ҲАББАЗО, НУЗҲАТИ АЙЁМИ БАҲОР

Ҳаббазо, нузҳати айёми баҳор, КИ барад з-аҳли хирад сабру қарор. Вақти он аст, ки аз хона кунад Ба тамошо сӯйи гулзор гузор. Дашт аз

ҶАВОНОН РӮЙ ДАР САҲРО НИҲОДАНД

Саҳаргоҳон, ки абри навбаҳорон Ба ишрат хайма зад бар кӯҳсорон, Бисоти кӯҳ шуд аз лола худранг, Баромад лаъли сероб аз дили санг. Ба ишрат

ХАБАРИ ГУЛ

Овард ба мо булбули ошиқ хабари гул: Ҷуз булбули гулдӯст кӣ донад хатари гул? Ҳарчанд ки дар гул ҳама хубиву хушӣ аст, Бу мул

ЗИ КӮЙ ЁР МЕОЯД НАСИМИ НАВРӮЗӢ

Зи кӯй ёр меояд насими боди наврӯзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ, Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат

БИКШОД НИҚОБ АЗ РУХИ ГУЛ БОДИ БАҲОРОН

Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон, Шуд тарфи чаман базмгаҳи бодагусорон. Шуд лоласитон гарди гул, азбаски ниҳоданд Рӯ сӯйи тамошойи чаман лолаузорон. Дар

НАВБАҲОР ОМАДУ ШУД МАНЗИЛИ ХУРШЕД БАДАЛ

Навбаҳор омаду шуд манзили бадал, Чашмай ҳут равон шуд ба чарогоҳи ҳамал. Боғ имрӯз биҳишт асту ҷавон аст чаман, Ҳамчун ҳурони биҳиштӣ ҳама пӯшида

БОД ГУЛЗЕР ШУД…

Бод гулрез шуду бар сари гул жола чакид, Об дар ҷӯю зи пероҳани ҷӯ сабза дамид. Гул зи рух пардаву наргис ба чаман чашм