Шеър Архив

TУ МАРО МЕШУНАВӢ?

Ту маро мешунавӣ? Саҳар ойӣ сари сарчашма ба об, Нигарӣ ҳалқарави мавҷи маҳин, Шунавӣ гӯшакии обу алаф, Даме эҳсос кунӣ набзи замин, Дир миёни

БУЛБУЛИ ДАШТӢ

Хест байни шоирон баҳси шадид, Булбули даштӣ, агар бошад, кӣ дид? З-он яке мегуфт, оё дашт чист, Боз мурғаш… ин магар писханд нест? Ҷойи

ОФТОБИ ХУШНОР

Тираву пурбим буд паҳнои арк, Рафта буд хуршед аз болои арк. Лашкару дарбориён аз ду тараф, Дир миёни аркмайдон баста саф. Хукм мебурданд Айниро

ҒӮССАИ ХУҶАНД

Эй шаҳри Хуҷанди бостонӣ, Донӣ, ки маро бо ҷойи ҷонӣ. Аммо ба ту шеъри ғам нависам, Ҳарчанд ки хонию нахонӣ. Мункиршудае зи номи хешӣ

ТАЪНАИ ФАРИШТА

Ту,эй фариштае, ки аз баландии само Ба ҷониби замини паст бингарӣ, Магар аз инат он фароғату сафо, Ки аз башар ҷудоиву Зи насли дигарӣ

МАНУ ИН ОСМОНИ ТОЗУРӮ…

Ману ин осмони тозарӯ ҳамрангу ҳамсонем, Гаҳе абриву гаҳ беабру ниливу дурахшонем, Ки аз меҳри ту хандонем, Ки аз ҳаҷри ту гирёнем. Ману ин

БУБАХШОЙӢ…

Бубахшойӣ, Ки боре хостам Бе ёди рӯят шеър гӯям ман, Зи бӯйи бодҳо бе бӯйи мӯят шеър ҷӯям ман, Ҳама шеъру сухан аз ёд

ЧУ БӮЕ БАР МАШОМИ МАН БУВАД…

Чу бӯе бар машоми ман бувад, бӯйи туро ёбам, Чу рӯе пеши чашми ман бувад, рӯйи туро ёбам. Чу аз кӯе ба кӯе мекашонам

ИЛТИҶО

Гарчи гардам камбаҳо ман бе ту, ёри бебаҳо, Гарчи бе ту нест истеъдодаму завқу даҳо, Гарчи ҳар як ибтидоям бе ту бошад интиҳо, Ту

САВОБИ ТУ, ГУНОҲИ МАН

Ҳамоғушии мо айни гуноҳ аст, На онӣ дигару ман ҳам на инам. Ба чашмони ту гул танҳо гиёҳ аст, Манаш чун ошиқи хуршед бинам.

ДИЛАМ ГУМ МЕЗАНАД

Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад В-ар зи ёдам меравӣ ногаҳ, дилам гум мезанад. Ман ба ҷойи ҷони худ ҷони туро

ФИРОҚНОМАИ ПАДАР

Бо сактаи дил ту аз ҷаҳон бигзаштӣ, Шуд ҳасрати мо, падар, ҷавон бигзаштӣ. Гар зиндагият ба даҳр осон нагузашт, Осон ту вале фариштасон бигзаштӣ.

ПАДРУДИ ВАРЗОБ

Бор бандам зи ту, Варзобдара, Хайр то соли дигар. Орад ин соли навинам самара, Назанам фоли дигар. Хайр, эй хонаяки чӯбиамон, Ту кунӣ навҳаву

ҲУЗНИ ШИРИН

Равам аз шаҳр сӯйи кӯҳи баланд, Пастии зумрае барам аз ёд, Устувории кӯҳро бинам, Шавам аз бесуботҳо озод. Шеваи якзабони рӯд ба гӯш, Барам

ШОХОБ

Дилам аз ёди ту дарёи сухан шуд, дарё, Ҳамчу оғӯши ту, к-аз мавҷи равон шуд лабрез. То бигӯям ғазали мавҷи сухангӯйи туро, Рӯди Сайхун,

ДУ ТАШНАЛАБ

Ба лаби чашмаи кӯҳӣ омад Ташналаб духтараки чилкокул. Сари сарчашмаи сероб нишаст, То хурад об аз он чашмаи гул. Рӯйи худ дид дар ойинаи

АТРИ МУҲАББАТ

Атри муҳаббат медиҳад шабҳои хушбӯйи баҳор, Бе ту насибам чун бувад шабҳои хушрӯйи баҳор, То ман намонам бенасиб, эй ту насиби ман, биё!  

Мехри Модар

Гуянд маро чу зод модар. Пистон баз даҳон гирифтан омӯхт. Шабхо бари гаҳвораи ман. Бедор нишасту хуфтан омухт. Дастам бигирифту по ба по бурд,

АЗ НАВБАҲОРИ РӮЯТ…

Аз навбаҳори рӯят ман навбаҳор ёбам, Дар рӯзҳои абрӣ муштоқӣ офтобам. Даргоҳи дил бигардад то офтобрӯя, Аз офтоби рӯят як лаҳза рӯ натобам. Сӯйе

ДИГАР КАЙ МЕРАСАД ДИДА БА ДИДОР?!

Чу берун меравам з-ин остона, Дигар ин остону осмона Маро бо ту нахоҳад дид, эй ёр, Дигар кай мерасад дида ба дидор?! Ба назди

БА ТУ ИМШАБИ БАҲОРОН…

Ба ту имшаби баҳорон ҳама сабзу гулфишонам, Ки ту чун баҳор созӣ тару тоза ҷисму ҷонам. Ту ба шаҳри тирарӯйе, ки бувад ғуборолуд, Бикушойӣ

БО БАҲОРИ САБЗУ МУРҒОНИ САФЕД

Ханда мекардӣ ту дар оғуши ман Бо ҳавасҳову ҷавониҳои хеш. Мӯйҳоят дар бару дар дӯши ман Мавҷ мезад чун хаёли ман пареш. Ошёни тирае

ДАР САЙР

Эй мурғ, мазан зинҳор Бар захми дилам минқор, К-аз реши равони он Хун мечакад аз озор. Эй бод, макун бозӣ Бо мӯйи парешонам, К-аз

ЛОЛАИ СӮЗОН

Лаби ҷӯ барги зуф зор асту сархам, Зи хотирҳо бувад қоқу фаромӯш. Дар ин ҷо навбаҳорон ҳам нагардад Сияҳгӯше дигар зеби баногӯш. Нишинад сӯзанак

МАСХАРАБОЗ

Хуб донам, ки ба даври айём На ба ҳар тоифа ҳайкал созанд. Лек бояд, ки ба иззу икром Ҳайкали масхарабоз афрозанд. Оқибат пайкара бояд

МАРДЕ АЗ БАЛКОН…

Марде аз балкон саҳарҳо мекунад фарёд, Марде аз балкон писарро мекунад фарёд. Ӯ басо маъюсу маҳзун мекунад фарёд, Як вуҷуди решу дилхун мекунад фарёд.

РУҶӮИ СЕВАК

Навиштае ба зери акси рассоми арман Мартирос Сарян ва Паруйр Севак, ки дар он шоир дасти рассоми 90-соларо бо эҳтиром мебӯсад. Магар гулҳо ба

РОСТИИ ҚОМАТИ ДЕВОРҲО…

Ростии қомати деворҳо Рост дорад қомати меъморро. Зиндагии тоза мебахшад шабе Мисраи тар шоири бедорро. То шавад ҳар одамизод одаме, Бояд аз худ сохт

АРОБАИ КӮҲНА

Ҳамчу бори куҳан ба пуштаи деҳ Мондааст ин аробаи вайрон. Чархҳояш ба хок рафту фурӯ, Соғу атфода як тараф ҳайрон. Тахтаҳои нагуну бишкаста Дар

ТУТЗОРИ АЗИМ

Самои Сорбоғ аз бедимоғӣ Сарашро монда буд андар сари кӯҳ. Агар бори само бар дӯши куҳ буд, Ба дӯши мардумаш буд бори андӯҳ. Садои

КИШТИ ТАҚДИР

Заминро барзгар танҳо барои худ намекорад, Барои хештан танҳо намеафшонад ӯ дона. Агарчи чоши гандум ҳосили ранҷу азоби ӯст, Дар он хирман вале бошад

ТИРАЧАШМЕ БО ЧАРОҒ

Тирачашме шабона раҳ мебурд, Дошт фонуси равшане дар даст. «- Ту, ки зулмат зи нур нашносӣ, Аз чароғӣ раҳат чӣ суде ҳаст?» «-Ин чароғам

ШЕЪРИ ВАТАН

Ба ёди Мирзо Турсунзода Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан, Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман. Мекунад шеъри

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Нест исме ҷовидону нест ҷисме ҷовидон, Зери гардун бонишону бенишон миранда аст. Гар наёбад насли инсон ҷони ҷовид аз сухан, Ин тану тӯши амонат

ТУ МАРО, ЭЙ ДИЛ…

Ту маро, эй дил, чӣ савдое ба сар овардаӣ, Бо туям ҳамдостонӣ сах меояд гарон. Лаҳзае хоҳам, ки бошам бе дилу бе дарди дил,

ҲАМОҒӮШ

Гул ҳамоғӯш ба хоре рустаст, Аҳд гӯё ки ба ёре бастаст. Лек хораш тани гул озорад, Ҳар нафас ранҷи наваш боз орад. Теша бар

СУРУДИ ФАРДО

Ман аз баҳори навангез бо шумо мардум, Дуруд хоҳам гуфт, Суруд хоҳам гуфт. Дар ин баҳор ниҳолони тар ҷавона кунанд, Парандагон ба дарахтони сабз

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст, Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм. Ман қадам ҷун мениҳам, дар зери

БО ПАДАР ХУРСАНД БУДАМ

То падар буд шодӣ доштам ҳам нишот, Ғам ба ҷои шодӣ омад чашм пӯшид аз ҳаёт. *** Бар сари болини ӯ чандин табибон омаданд,

ПАНДИ ПАДАР

Чун падарро мо намудем гӯру чӯб, Аз падар бо мо бимонд чанд панди хуб: *** Одамон аз маърифат ёфтанд қадр, Маърифатдорон нишинанд ҷои садр.

ПАДАР ВА ФАРЗАНДОН

Даҳ писар аз як падар ёфт парвариш, Рафт сиёҳӣ аз сару аз мӯи риш. *** Вақти пирӣ он падар афтод зи по, Гуфт бо

ФАРЗАНД

“Фарзанди хуб боғи падар, Фарзанди бад доғи падар”. *** Кор меравад вақти саҳар, Бо як азобе он падар. *** Фарзанд, фарзандони ӯ, Доим хӯранд

МУКОФОТИ АМАЛ

Дар даруни решаҳои як дарахт, Хона кард муше замин буд гарчи сахт. Зиндагӣ кард чанд муддат, чанд вақт, Дар ҳамон ҷо он муши баргаштбахт.

ҲИКОЯТИ БЕНАМОЗ

Аз замони ҳазрати Мӯсо расидааст то ба мо, Як ҳикоят оварам баҳри шумо. *** Лаб-лаби дарё рӯзе кард гузар, Зикргӯён ёди аллоҳ дош ба

ҚИССАИ КАДБОНУ

Ош гуфта шавла пухтӣ, Таги таомро сӯхтӣ, Ҳуши ту дар куҷо буд? Куқо назора дӯхтӣ? Самбӯсаи ту хом аст, Самбӯса ӯ ба ном аст.

НОНРЕЗА

Набераам Фарида Нонрезаҳоро дида, Ба дидаҳо молида Хам шуда чида-чида. Нонреза ҳам нон аст-ку, Баракоти хон аз ӯ Нонрезаро марезон, Ба зери пой ҳарсӯ.

ОШНОЁН

Ба феъли ошноён ошноям, Зи ошноён наёфтам ошно кас. Ҳама даъво кунанд аз ошной, Надоранд ошной як сари хас. *** Ҳайф, ба хоб бигзашт

ШӮХӢ БА ШӮХӢ

Шӯхам ба шӯхӣ-шӯхӣ, Бар ман бипошид духи. Гуфто: Дигар махӯр ғам, Хушбӯтар аз кулӯхӣ.

КАМПИРОНИ ҒОРАТГАР

Ҳар ҷо худой ё тӯй Он кампирони пургӯй Ҳозир шаванд дар он ҷо Шинанд бо ҳам рӯ ба рӯ. *** Карда насиҳат бисёр Ба

ДУШМАНОН

Вақте рафтам он расул мегуфт доим: Уматӣ, Дар ҷаҳон аз дасти душман ӯ надида роҳате. Баъди чордаҳ қарн имрӯз душманон, Ҳамла карданд, ин ба

САНГИ БАДГАВҲАР

(БА ДУШМАНОНИ МУҲАММАД(С) “Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад”. Эй Худо, ҳар кӣ шавад душмани ту ё ки

ПАДАРНОМА

(Силсилаи шеърҳо) ПАДАР Вақти пирӣ бар падар роҳати ҷон лозим аст, Як паноҳгоҳ аз ҳавои барфу борон лозим аст. *** Ҳам зану фарзанди худ

ТАБИБ ВА БЕМОР

************************* ТАБИБ Ман дору додам хӯрдӣ, Вақте ба хона бурдӣ? БЕМОР Чу дору додӣ бурдам, Аз дорӯҳо бихӯрдам. ТАБИБ Хӯрдӣ аз рӯи реҷа? Бигӯ

БЕМОР

Тани соқам носоқ шуд, Ҷисм устухони қоқ шуд. Дарди шикам дод азоб, Шабҳо намекунам хоб. Майлаш-майлаш табибҷон, Шояд кунад фоида он.

ТАБИБ

Аз чӣ дори шикоят, Канӣ бикун ҳикоят. Дору диҳам ба ту ман, То ки диҳад шифоят.

АҚЛ ВА ТАДБИР

Коре, ки зи рӯи ақлу тадбир кунӣ, Андешаи кор аввал ҳам охир кунӣ. Як мулки хароб тавонӣ обод кардан, Осон набувад ба зӯри шамшер

ЭКОЛОГИЯ

Аз бӯи газ ҳам аз нафт, Пойтахт гирифт, бӯю тафт. Аз касрати нақлиёт, Пиёдагард аз ҳуш рафт. Мардум инро медонад, Чӣ дар ҳафтод, чӣ

ЧЕКЧИН

Аз ҳар хоҷа, аз ҳар бек, Чекчӣ гирад пули чек. Дар бозор аст ҳамин ҳол, Бе салому бе алек.

ЗАНҲОИ ДЕҲОТ

(Ба апаҳоям Нигина ва Бибиҷон) Ин занҳои деҳотӣ Гоҳ-гоҳ пазанд чапотӣ, Ба шаҳр раванд ба хешон. Бо худ баранд савғотӣ *** Вақти саҳар ширавған

Шеър дар васфи модар, аз Лоик ва дигарон

Аё модар – табиат, гар зи ман месохтӣ кӯҳе, Паёпай ашкҳоям мисли дарё паст мерафтанд. Ва армони дилам як порасанги сард мегардид, Тамоми орзуҳо

ДӮСТИ ХУДО

Худоё, дӯсти худро хуб шиносӣ, Зи нодонӣ надонем қадшиносӣ. *** Надоранд давлату онон фақиранд, Ба чашми аҳли олам як ҳақиранд, *** Зи мардум ҳеҷ

ЧИНОРИ МАШҲУР

Ҳарҷо чинор бисёр аст, Машҳур як чинор аст. Ба номи он як маҳал, Дар шаҳр Яккачинор аст.

ДУОИ МО

Аз гандуми деҳқонӣ, Хонаи халқ шавад пур. Кулча пазад кадбону, Рӯзи дароз дар танӯр. Шифо ёбад илоҳӣ, Ҳар кас, ки ҳаст ранҷур. Мусофирон биёянд.

КОРИ ХАЙР

Ба кори хайр агар дилмагармӣ дорӣ, Барои миллатат бинмо ту коре. Ба дарвешону мискинон, ятимон, Дароз кун гоҳ-гоҳе дасти ёрӣ.

МАРД ВА НОМАРД

Ҳамон одам сазовор аст ба мардӣ, Ба дарди миллаташ ҳамдард бошад. Ба дарди миллаташ ҳамдард агар нест, Аз ӯ мардӣ маҷӯ, номард бошад.

ҒИЗОИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ

Ғизои моддӣ чист? Нон асту об аст, Ҳам ҳар хел хӯрдани дарин ҳисоб аст. Ғизои маънавӣ гӯй бигӯям: Китоб асту, китоб асту, китоб аст!

БА УСТОД БОҚӢ РАҲИМЗОДА

Аз ҷаҳон вақте, ки шоир Боқӣ рафт, Аз ҷаҳон ҳам хушдилӣ, вақтчоқӣ рафт. Ҳамчу Саъдӣ, Рӯдакӣ, Боқӣ надид умри дароз, Хостем то ки бигӯем:

РУБОИ

Ҳар кас, кӣ баҳор биёяд ӯ ҷониби кӯҳ, Ҳам сабза дамида, лола андӯҳ-андӯҳ. Рӯҳ тоза шавад зи дил барояд андӯҳ. Хурсандии дил бувад зи

ЧОЙИ КАБУД

Бе чойи кабуд мо гарангем, Вазнин ба ҷои хеш чу сангем, Бе қуввату бе мадори ҳангем. Роҳ гардем агар чу мӯри лангем, Бо хотири

ШЕЪРГУНА

Савоб хоҳи агр эй дӯст бисёр, Ятимонро зи лутф бош ту парастор. Дили дармондае, ё ки ба даст ор, Ту ё панҷ вақт намоз

ОИНА

Оина-асбоби худбинии мо, Акси мо даар рӯи он бинии мо. Оқибат оинаро афтонд шикаст, Духтари бе эҳтиёт Чинии мо.

ПИСАНДИ МАН ТУ БУДӢ

Писанди ман ту будӣ Меҳри маро фузудӣ, Зи дидаҳо шабу рӯз Хоби маро рабудӣ. *** Дилро, ки ба ту додам, Ҳар лаҳзаи ба ёдам.