Зиндагонӣ Архив

Олуча гули бодом

Олуча гули бодом, Ман чойкашакӣ бобом, Бобом шишта чой нӯшад, Ман чойкашаки бобом.

Чистон дар бораи (Фазанд)

Кафшери муҳаббат он, Қаандили хонадон  он. Пайванди насле  ба асл. Кист он? Канӣ гӯетон! (Фарзанд)

Чистон дар бораи (Фарзанд)

Гул не, чу гул мебӯӣ, Ҷон нею ҷон мегӯӣ. Гирӣ ҳар гаҳ сари даст, Гӯё аз нав  мерӯӣ. (Фарзанд)

ЗИНДАГӢ ВА ОРЗУ

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд, Зиндагиро орзу ширин намуд.

ОРЗУВУ ИШҚУ УМЕД

Зиндагӣ ранҷ дораду рохат, Зиндагӣ бебаҳотарин гуҳарест, Лек бе орзуву ишқу умед Зиндагӣ чун дарахти бесамарест.

ГУЛИ УММЕДИ ДИЛҲОЙ

Бинокори ҷаҳони нав! Чаҳон бо ту сарафроз аст, Дилам, шеърам, вуҷудам бо ту ҳамовозу ҳамроз аст, Гули уммеди дилҳоӣ, Фурӯғи чашми биноӣ. Ба истиқболи

ТИЛИСМИ ЗИНДАГОНӢ

Тилисми зиндагониро шикастам. Аз ин нангинқафас як умр растам. Ман акнун мурғи озоди замонам, Лаҷоми зиндагониям ба дастам.  

ОТАШИ ИШҚ

Ба гумонам, ки ҷадди ман Зардушт, На ба ҳар оташе садоқат дошт, Оташи ишқро парастиш кард К-у ба дил нури зиндагӣ мекошт!   Шояд

Аломати Қиёмат

Зи дастам мекашад доман баҳорафшон гиребоне, Чаманпарвоз, раъноҷилва, пироҳангулистоне. Қади ҳангома чун шамъе, рухи парвонамаҳтобе, Ки дар боғи Ирам базме, биҳиштоин шабистоне… Мурассаътаркаше, чобуксаворе,

Рафтиву рафт бар бод пушту паноҳ

Шабҳо бувад чароғам аз дуди оҳ бе ту, Чун шамъи кушта, дорам рӯзи сиёҳ бе ту. Авроди субҳу шомам бошад дуои ҷонат, Медробам осмон

Ҳар шаб чу шамъ дорам сӯзу гудоз

Ҳар шаб чу шамъ дорам сӯзу гудоз бе ту, Чун кокулат намояд шабҳо дароз бе ту. Мардам ниҳода носур бар захми синаи ман, Бемориям

Бевафо ёр

Эй дил, чу булбул аз пайи он бевафо марав! Аз дасти мо парида чу ранги ҳино марав!… Дар базми гулрухон сабукӣ санги тафриқаст, Эй

Гадои муфлис

Ба хоқ афтода гарди сурмаи чашми сиёҳат ман, Ба хун ғалтида сайди бисмили теғи нигоҳат ман… Ба гулшан бандаи озоди сарви қоматат қумрӣ, Ғуломи

Нашъаи май оқибат девонагӣ ёд оварад,

Аз дили зорам нафас маъюс меояд бурун, Бӯйи шамъи кушта з-ин фонус меояд бурун. Дар гулистоне, ки гардад гулруҳи ман ҷилвагар. Сабзааш ҳамчун пари

Тоза кардани руй

Тоза месозам зи барқи нола доғи хештам, Мекунам равшан ба оҳи дил чароғи хештан. То ба кай, эй лола, доман мезанӣ бар оташам? Рӯзгоре

Зулфи ту

Ба сӯйи кулбаам шоме, ки он шамъи висол ояд, Дилам аз сина берун, ҳамчу фонӯси хаёл, ояд. Шавад мижгон ба чашми ашкборам нахли боровар,

Лаби ширин

Такаллум аз даҳонаш гар зи тангӣ дер мерезад. Табассум аз лаби ширини ӯ, чун шир, мерезад. Ба суратхонаи дил шӯхи наққоше, ки ман дорам,

Ба гӯш

Қабои лолагун дар бар чу он сарви равон ояд, Нафас аз синаам берун чу шохи арғувон ояд. Агар дар гардиш орад он парирӯ шишаи

Остин

Аз маломат хонаам оромгоҳи гул шавад, Ҷуғз дар вайронаи ман ояду булбул шавад. Дасти навмедӣ парешоихотириҳои маро Ҷамъ агар созад, ба дӯши орзу кокул

Дунёи нав

Зи дунё ҳар кӣ шуд лабрез, умраш бебақо гардад, Чу киштӣ пур шавад аз об, гирдоби фано гардад. Навиди васл фориғ мекунад аз нола

Меҳрубон

Маро, эй бемурувват, меҳрубон гардӣ, чӣ хоҳад шуд? Зи рӯйи марҳамат ороми ҷон гардӣ, чӣ хоҳад шуд? Ҳама шаб шамъ бо парвона саргарми сухан

Чашми дил

Гоҳе ба чашми лутф, маҳи ман, бубин маро, Дар оташи фироқ масӯз инчунин маро. Не қосиде, ки бо ту расонад паёми ман, Не ҳамдаме,

Замини фуруши

Кӯҳ паҳлу бар Замин монад зи бори дарди мо, Чархро созад мушаббак тири оҳи сарди мо. Каҳрабо худро ниҳон созад ба зери барги коҳ,

Кулбаи Хубон

Ба сӯйи кулбаам, эй офати замона, биё! Ба ҷониби садаф, эй гавҳари ягона, биё! Ба интизории побӯсият, чу нақши кадам, Ниҳодаам сари худро бар

Лаби ёр маза мета

Эй бе лаби ту хушк даҳони пиёлаҳо, В-аз дурии ту ғарқа ба хун доғи лолаҳо. Хат нест он, ки бар рухи ҷонон дамидааст, Хубон

Нохун

Эй дил, мутеи он бути мижгонфаранг бош! Бо сокинони каъба муҳайёи ҷанг бош! Бар рӯйи мунъимон ғазаболуда кун нигоҳ, Бо ин гуруҳ нохуни шеру

ОШЎБИ ҶОНӢ

Ошўби ҷонӣ, шўхи ҷаҳонӣ, Беэътиноӣ, номеҳрубонӣ. Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ, Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ. Аз ту сабурӣ кардан, нигоро, Натвон, валекин ту метавонӣ. 3-ин

ҒАРИБӢ

Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб, Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб. Орзўманди диёри хешаму ёрони хеш, Дар ҷаҳон то чанд

Орзуву ишқу умед

Зиндагӣ ранҷ дораду рохат, Зиндагӣ бебаҳотарин гуҳарест, Лек бе орзуву ишқу умед Зиндагӣ чун дарахти бесамарест.

Зиндагӣ ва орзу

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд, Зиндагиро орзу ширин намуд.

Коргар

Коргар имрӯз дар Норак манам, Лек фар до сӯи Роғунам равон, Давлат аз ман, ман азони давлатам, Ӯ маро, ман ҳастам ӯро посбон. Ман

Дил ҷаҳони орзуст

Дил намемирад… Пас аз ман ҳам намемирад дилам. Зиндаи ҷовид ӯст, Дар фазоӣ зиндагӣ хуршед ӯст, Андаруни синаи соҳибдилон Хонаи уммед ӯст.   Розгоҳи

Мағрур наям

Эй ғарра ба ин ки даҳр фармонбари туст, В-ин моҳу ситораву фалак чокари туст. Тарсам, ки туро чокари худ пиндоранд Он мурчагон, ки ризқашон

Ба осмон пардохтам ман

Ту кори Заминро накӯ сохтӣ, Ки бо осмон низ пардохтӣ?                            

Бо нидои ту

Ин хақиқат бувад, ки кураи арз Гирди хуршед бе ту ҳам мегашт, Бе ту ҳам баҳр буду дарё буд, Ҷангалу лолазору кӯҳу дашт…  

Инсон

Асрҳо боз ҷустуҷӯйкунон Рӯ ба хуршед дар сафар ҳастам. То шавад мушкилоти раҳ осон, Мекунам, ҳар чӣ ояд аз дастам. Раҳи хуршеди бахт ноҳамвор,

Гули уммеди дилҳоӣ

Бинокори ҷаҳони нав! Чаҳон бо ту сарафроз аст, Дилам, шеърам, Вуҷудам бо ту ҳамовозу ҳамроз аст, Гули уммеди дилҳоӣ, Фурӯғи чашми биноӣ. Ба истиқболи

Одам

Одами оддиям! Шунав, Одам, Баҳри бахту саодатат шабу рӯз, Ҳар чӣ омад зи дасти ман, кардам… Пир гаштам. Намехурам афсӯс, Ки ҷавонии хеш бахшидам

Қисмати осмон ба дасти мост

Шуд куҳан қиссае, ки мегуфтанд: «Қисмати хокиён ба дасти самост» Баъд аз ин фахр карда, бояд гуфт: — Қисмати осмон ба дасти мост!

Замин сайёра аст

Рӯзу шаб бедор ҳастам, Дар дилам, Шамъи ишқу орзу афрӯхта, Ҷониби сайёраҳову коинот Асрҳо шуд, ки нигоҳам дӯхта. Лек медонам, ки дар сайёрае Баҳри

Ҷустуҷу дорад дилам

Зинда кун дар сина он сӯзе, ки рафт, Дар ҷаҳон, боз овар он рӯзе, ки рафт                

Чаро чун шамъ сӯзй?

Чаро чун шамъ сӯзй? Бебақо ӯст, Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст. Ту аз Хуршед омӯз ин ҳунарро, Ки месӯзад валекин ҷовидон аст!

Дили беқарор

Боз чун ҳар субҳдам биншастаам Рӯи санге, бар лаби Баҳри Сиёҳ. То шавад ором дил, дил бастаам Ман ба ин бахри азиму мавҷҳо…  

Ҷаҳон роз аст

Асрори азалро на ту дониву на ман.                                  

Гузашта ва оянда

Гирам падари ту буд, фозил Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?                          

Фасли гул

Ҳама ҷо сабзу хурраму гулпӯш, Гарми ракс аст лола дар саҳро. Гарчи пирам, нарафтааст аз дил Оташи ишқу орзую вафо. Мекунад ханда бар лаби

Бигзор монад

«Сафедӣ ҳаст дар мӯи сари ту, Бикан онро!»—зи ман хоҳиш намудӣ. Чаро онро канам? Бигзор монад, — Нишон з-он дам, ки аз ту дур

Офаридам туро

Эй бут, эй сояи хаёлотам, Офаридам туро, ки дар шаби тор Шамъи роҳам шавӣ, Вале, ҳайҳот Садди роҳам шудӣ ту дар ҳар кор. Ман

Рашк бинмуда

Рашк бинмуда ман аз ҳоли лабаш пурсидам: Ки бигӯй, эй хинду Посбони шакарӣ? ё ки тороҷгари лаъли лабаш? Е ҳарду? Холи лаб фахркунон,— Гуфт:

Гули магнолия

Ба вақти хайрухуш дар соҳили баҳр Гули магнолия дода ба дастам, Табассум карда, рафтӣ. Он чӣ сир буд, Ки бо як ишваат додӣ шикастам,

ТО ТАВОНӢ, МАКАШ ЗИ МАРДӢ ДАСТ

То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст, Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст. Ҳар ки ўро баланд мардӣ кард. То ба рўзи аҷал нагардад

Захм

Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афкори хеш, То ба кай чун шамъ сӯзам бар сари бемори хеш. Баҳри осоиш, ки аз ғамхона сар

Дилам самбуса мехохад

Дилам самбуса мехохад ва хам як бӯса мехоҳад. Дилам як бӯсаи ширинлаби бе ғусса мехоҳад Зи як самбӯса рухсореву ҳам ҷуса мехоҳад. Дили ман

Чи кор кунам?

Бо аҳли ҷоҳ нохуни зоғу паланг бош! Дар коми шер арраи пушти наҳанг бош! Дар маҷлисе, ки нест мурувват дар ӯ марав, Дар шишае,

Сурмаи чашми сиёҳи ту

Эй сурма сайдгаштаи чашми сиёҳи ту! Бошад каманди гардани оҳу нигоҳи ту. Силӣ занад хироми ту мавҷи саробро, Сайёдро фиреб диҳад ҷилвагоҳи ту… Азбаски

Бахори точикон

Омад баҳору нашъунамои замона ку? Дар шохи гул ривоҷ ба булбул тарона ку? Хум бедимоғу шиша тиҳӣ, сарнугун кадаҳ, Бо сокинони майкада асбоби хона

Зулфи ту

Холи ӯ дар банди он зулфи чу шаст афтодааст, Мужда бод, эй дил, ки дузди ман ба даст афтодааст. Бар сараш Хуршед ҳамчун зарра

Булбул

Бе ту дар гулшан маро фарёди булбул оташ аст, Хандаи гул ахгарасту хандаи гул оташ аст. Нашканад аз сояи гардун касро ташнагӣ. Менамояд об,

Наргис

То дар оғӯши гулистони ман он сарвқад аст, Наргиси хулди барин боғ маро чашми бад аст. Ҳеҷ кас аз дили ман кулфати айём набурд,

Паймона

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте ки нест масдари эҷод, бастанист. Зулфе, ки сарфи шона кунад умр, карда беҳ, Доме, ки сайд зинда нагирад,

Боғи накукорон

Дар боғ асар зи нолаи булбул намондааст, Имрӯз дар бисоти чаман шул намондааст. Аз дасти ҳеч кас гиреҳе во намешавад, Рабте миёни шонаву кокул

Ишқу амал

Фасли хуби баҳор, Соҳили Вахш, Сабзаю лола буду боди саҳар… Менишастем ҳар ду дар гулзор Бе маю бе пиёлаю соғар. Масти дидори якдигар гашта

Бишнав чӣ мегуям туро

Сабр кун, Бишнав чӣ мегуям туро, Ин қадар беҳуда ашкатро марез. Рафта будам дар сафар, боз омадам, Хат накардам гар, сабаб дорад, азиз. Хат

Ширин, ширин

(Суруд) Ширин, ширин, Ширинтарӣ аз ҷони ширин. Ширин, ширин, Ширинакам ба паҳлуям шин.   Ба дил ҷо шав, ки ғам аз дил барояд, Табассум

Моҳи Шуғнониям

(Суруд) Эй моҳи шуғнониям, Лаъли бадахшониям, Эй ҷон, Эй ҷонам, Ба ту қурбонам, Ёраки кӯҳистонам.   Ман садқаи чашмонат, Афтодаам дар домат, Ҳайҳот! Ай

Рухи хуби туро

Додаанд оро рухи хуби туро: Бахти хуш, Сидқу вафо, Шарму ҳаё!

Умеди фардо

Ҳар кас нарасад ба қадри имрӯз, Асло накунад умеди фардо…

Ҷаҳони мову ту

Ҷаҳони мову ту аз ҳар ҷаҳон беҳ, Замони мову ту, аз ҳар замон беҳ, Барон халқи кишвар ҳар чӣ хуб аст, Барои мову ту,

Гули сурх

Гули сурхе, ки ҳамранги рухи туст, Тамошо кун, ниҳолаш бар лаби ҷӯст Ниҳолашро дар он ҷо ман шинондам, Зи ҳар гул бештар медорамаш дӯст.

Маҷнун бисозад маро…

Азизам! Табиат туро Аз он дилбарӯ дилрабо офарид, Ки Маҷнун бисозад маро. Бароям туро офарид. Вале чун нигоҳаш ба рӯят фитод Ба якбора ҳушаш

Туро мепарастам

На бутро мепарастам, не худоро, Туро танҳо, азизам, мепарастам. Ба уммеде ба кӯят сар ниҳодам, Дилам бигзошта бар рӯи дастам. Бигир аз дастам онро,

Тилисми зиндагонӣ

Тилисми зиндагониро шикастам. Аз ин нангинқафас як умр растам. Ман акнун мурғи озоди замонам, Лаҷоми зиндагониям ба дастам.