Зиндагонӣ Архив

Сайди маъни

Ман он сайёди гӯлу сода будам, Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам, Тамоми рӯз биншастам ба соҳил, Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.

АҚРАБАКҲОИ СОАТ

Ақрабакҳои соати дастат Соате баъд рӯ ба рӯ оянд. Баъди саргаштагии кӯтоҳе Боз оянду роз бикшоянд. Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд, Аз ҳасад гӯӣ

ЭЙ ҶАВОНӢ

Мекунӣ шаккокию густохиҳо Бо худоёни замину осмон. Мехурӯшӣ, меситезӣ, Мекушоӣ роҳи худро Дар миёни ин ҳама пасту баландии ҷаҳон. Ҳамчунон Шаддод, ки сӯи худо

ТИРАМОҲ

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ, Токҳоро гӯр карданд. Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд, Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон, Сӯяшон сар хам

КАБКИ ДАРӢ

Эй кабки дарӣ, ту будӣ озод, Дар сар-сари санг мепаридӣ. Дар қуллаи пойпораи кӯҳ Аз ҳеҷ касе намерамидӣ. Мехондӣ суруди ҳастиятро Бо қаҳқаҳае ба

ЗАХМҲО

Мечакад об – Мечакад хун То ҳанӯз аз захми тири душманон, Аз тану аз шохҳои нахлҳои безабон. Барг сабзу навда сабз, Шохсорон шоду шодобанд

МАРО ХУШБАХТ КУН, ЭЙ ГУЛ

Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо, Маро хушбахт кун, эй гул! Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз, Ба даври гардани худ ҳалқаи

БИҲИШТИ ГУМШУДА

Маро ҷустӣ, ки ёбӣ боз он дилдодаи дерин? Чаро беҳуда мекобӣ? Маро дигар намеёбӣ. Ман андар хобҳои мастӣ будам бехуду беёд, Ман андар олами

ФАРЗАНДИ КӮҲСОР

Шудам пазмони оби чашмасорон, Равам, дар кӯҳсорон хона созам. Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ, Ба худ як олами афсона созам. Бисозам чанбар аз гулҳои

Ошиқи шеър

Ошиқам бар сари афрохтае, Ки ба хокӣ буданаш афлокист. Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он Хандаи пурҳияли шайтон нест. Ошиқам бар каси бедастархон,

ҲАСРАТ

Кӯр шуд роҳ миёни ману ту, Канда шуд ҳалқаи пайванд дигар. Баъд аз ин роҳ ба манзил набарад, Баъд аз ин роҳ дигар, банд

ҒАНИМАТ

Ист, ин лаҳза-ст нотакрор, ёр, Шоҳиди ҳастии ҳамдигар шавем. Ту ба ман, ман дар ту ҷо ёбему зуд Аз барои ҳамдигар раҳбар шавем. Ист,

ОХИРИН НЕКӢ

Туро номурда куштам ман, Туро дар хеш гӯрондам. Биё, худро зиёрат кун! Биё, як дам нишин дар гӯшаи вайронаи қалбам, Ба ёди рӯзҳои рафта

ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ

Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ, Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният ғуруби офтобатро. Ба он ёде, ки дар ман лона дорад, Чу

СУРУДИ ХАЙРБОД

Ба ёди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (Исмоил Ҳамзаалиев) Боз меояд баҳору боз механдад чаман, Нури маҳ дар рӯи раҳ аз сояҳо гул меканад. Захми ман

ЭЙ ДИЛИ ПУРОРЗУ, ҒАМГИН МАШАВ

Эй дили пурорзу, ғамгин машав, Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ Гоҳ гумроҳему гоҳо сарварем, Кӯҳнааслу ранг меҷӯем нав, Лек онро ҳам на бо худ

АНДЕШАҲО ДАР САРИ СУБҲ

Домони осмонро бо шӯълааш дарида, Хуршед чеҳра бинмуд чун духтари ҳамида. Бо худ ба ман чӣ орад ин субҳи навдамида? Кӯтоҳ умри одам аз

ТОРҲОИ НОНАВОХТА

Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ, Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ. Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ. Ту мехоҳӣ, ки дар афсонаи ишқ Ҷавон

МУҲАББАТИ АВВАЛ

Самои нилкору шӯълаи субҳонаи хуршед, Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро Дилам дар хеш пинҳон дошт, Меболид, меҷӯшид, Шабам хуршеди тобон дошт. Зи пушти тӯри барфи

Гумон

Гумон дорӣ, ки баъди бо ту будан, Пас аз бо ту нишастан, роз гуфтан, Сари зулфи туро бозӣ намудан, Бувад чизе кирои боз гуфтан?

ҲАСАД

Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад. Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр Назди ту

ҶАВОНӢ МЕРАВАД…

Ҷавонӣ меравад аз ман, ҷавонӣ меравад охир, Нахоҳам рафтанашро, лек аз ман меравад, ором. Дурахши чеҳраву мӯи сияҳ, чашмони бодомӣ – Ҳама хоҳанд шуд

Куҳистон ва даври кӯдакӣ

Аз куҳистонӣ, зи фасли кӯдакӣ Кӯҳро дар синаят ҷо додаӣ. Дар сари сад қуллаҳо по мондаӣ, Дил ба рози кӯҳҳо бикшодаӣ. Рӯй дар оби

ВО ҶАВОНӢ!

Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам, Лагадмол асту менолад ниҳонӣ: Замоне зеби кокул будам, акнун… Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ. Бидидам нонпар аз боли

ХОТИРА ДАР ПУШТИ РАСМ

Ин расми ёдгорест аз давраи ҷавонӣ, Аз рӯзгори ширин, аз даври камнишонӣ. Он рӯз маст будам, масти хумори ёрон, Дил ёди ёр мекард дар

ХАЙР, ЭЙ РӮЗИ ГУЗАШТА

Хайр, эй рӯзи гузашта, хайр, хайр Дафтари шеъру суруди гумшуда. Хайр, эй як зарраи нури басар, Рафтию аммо нарафтӣ беҳуда. Рафтӣ аз ман –

ИСТ ЯК ДАМ

Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту, Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам. Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае, Аз

Ситораи осмон

Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав, Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам. Шаб ба ҳукми туст, аммо ман ба ҳукми ту

ЛАҲЗАИ ПАДРУД

Хира буд моҳ ба саҳни гардун, Шаб ба поён бирасид, субҳ дамид. Офтоб аз паси кӯҳ чеҳра намуд, Шабнам аз рӯи гулу сабза парид.

Ишқи нокоми ман

Орзуям буд, дилро дар ҳаёт Пеш аз он ки ба хокаш биспурам, Аз раҳи расму русуму эътиқод Дар вафои ишқи покаш биспурам. Не, нашуд,

Шаби торик

Эй мояи хирад, чаро хомӯш мешавӣ, Бе ту ба ман навозиши даврон намерасад. Рӯзе, ки ту зи хонаи дил дур меравӣ, Як лутфи бедареғ

СОЛҲОИ СТУДЕНТӢ — ДОНИШҶӮӢ

Солҳои ғуруру бебокӣ, Солҳои таваккалу тавсиф, Солҳои муҳаббату уммед, Солҳои ситоишу таъриф. Фасли ҷавзо, фасли сӯзу соз, Хомдӯзии ҷомаи мақсад. Субҳи содиқ – паёми

ЗАВҚИ ДИДОР

Ба рӯи ман ҷаҳон хандид, боғу бӯстон хандид, Зи тарфи раҳ гули оташ чу тифли навзабон хандид, Хутути дури тақдирам шуда бар ман аён,

Рафти зи умри ман

Рафтӣ, рафтӣ, дилбари оташнигаҳ, Рафтию бурдӣ ту ороми маро. Рафтию бераҳбарам дар ними раҳ, Рафтию бурдӣ саранҷоми маро. Рафтию мумкин намебинам дигар, Лек мехоҳам

Шеъри зинданони

Қалам бо он камию кӯтаҳияш Сутуни зиндагии бениёз аст. Туро дорад муаллақ дар фазоҳо, Чу лангарчӯби дасти дорбоз аст. Варо гар рост дорӣ, дар

РӯБОҲ ВА ЛАКЛАК

Дармонд  устухоне Андар   гулӯи  рӯбоҳ, Бар назди Лаклакомад Бубоҳаки  мададхоҳ. Чун дид  Лаклаки  пир Рӯбоҳи  ашкрезон, Биншонд рӯйи ккурсӣ, Бо  шавқ гашт  пурсоон: —

АЗ СИДҚИ ДИЛ

Тарсу наям тарси ҷон Дар дил маро набвад нишон, Бовар надорӣ гар, бикун Ҳар вақти хоҳӣ имтиҳон. Аз тайи роҳи дури дур Ҳаргиз натобат

МАЪШУҚА

Дасти худ пайванд бо дастат кунад, Бо нигоҳи оташин мастат кунад. Сар ба рӯи синааш монӣ даме Бо ҷаҳони бахт пайвастат кунад. Як нафас

Мазори ман

Чӣ бояд бар тани мурда либоси шоҳӣ пӯшондан, Ба ҳамёнаш ниҳодан дастаи пул, пораи тилло? Ягон пурсанда он ҷо пораю ришва намехоҳад, На рӯбинанду

Ман туро дуст медорам чон

Ман ӯро мешиносам. Китоби ҳастии ӯро нахонда, Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо? Агар донед, к-ӯ ҳам Як дили пурорзу дорад, Ҳамеша ҷустуҷӯ

РОЗҲО

Пардаҳои тиреза парафшон, Чашмҳоят ба сӯи ман бозанд. Ҳалқаи ҷашмҳои ҷодуят В-он нигаҳҳо барои ман розанд. Хона ором, чеҳраат ором, Ман надонам, чӣ розҳо

Ҳабиб Юсуфӣ

Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада Монд бесоҳиб… Дар оғози ҳаёт Роҳҳо дигар шуданд, Он гаҳ расид, То шавад уммед анбози ҳаёт. Он, ки дар дил

Ҳикмати зиндагӣ

Чунин беқайду бепарво шудӣ ту? Дареғ аз ҷӯшу туғёни ҷавонӣ! Чунин дилсарду беандеша гаштӣ? Дареғ аз раъду барқи ногаҳонӣ! Чӣ шуд дар субҳи хуршедии

ТУРО МО ЁД КАРДЕМ

Тути  балххи рӯйи раҳ пӯхт, Зарбандан дашту даман шуд, Ранги худ олу бадал карб, Сурх ҳамчун бадани ман  шуд. Гандуму ҷав шд тилой, Пуштаву

Кӣ хастар мешавад

Миён маҳкам бубаста Побел мекунад Исо, Рӯйи курсӣ  нишаста Гап  мефурӯшад Мӯсо.   Дона –дона  мешорад Арақ аз рӯйи Исо, Майли ёрӣ надорад Бо

Чаро?

Танам дарде надорад, Дастаму поям баҷо, Мехоҳам, коре кунам, Наметавонам, чаро?   Ҳавлиро бояд рӯбам, Шӯям фарши хонаро, Аммо наметаонам, Хушам  наояд,   чаро?  

Сухани мухаббати самими

Баҳор омад шукуфта ғунчаи гул. Равад шому ғаму андуҳи булбул. Шаби ту доимо чун рӯз бошад. Баҳори умри ту фирӯз бошад.

Калиди майхури

Гар май хури бо хирадмандон хур, Ё бо санами лоласурхи хандон хур, Бисёр махур, ринд макун, фош масоз, Гаҳ-гаҳ хуру, кам –кам хуру, пинҳон

Сузиши ишк

Маро шайдои ишқи пур вафо кардӣ, Дилам бетобиши рузи ҷазо кардӣ. Худоё зора дорам кун иҷобат ҳардуъоямро, Мусофирам дар ин дунё бубахшо ҳар гуноҳамро.

Умри ману ту

Гуфтамаш андар ғамат чанд кунам умр тай Гуфт ки рав сабр кун, сабр кунам то ба кай Белаъли лабаш кунам, гиря чу мино мудом

Суруди ошики

Раҳравони кӯи ҷонон сархушанд, Ошиқон дар васлу ҳиҷрон сархушанд Ҷони ошиқ, сар ба фармон меравад Сар ба фармон сӯи ҷонон меравад Роҳи кӯи майфурушон

Модарчон

Кист он кас, ки шири сафеду лазиз Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд Баҳри осоиши шумо аз хоб Хест гаҳвораи шумо ҷунбонд Шустушу карда

Умри инсон

Нишоти умр бошад то ба 30 сол. Ба 40 ои фурун резад пару бол. Ба 50 гар равви ёби ту сустӣ. Ба 60 оина

Духтари зебо

Пеши рухи ту эй санам Каъба суҷуд мекунад Дар талаби ту осмон ҷома кабуд мекунад Ҳусни малоику башар ҷилва надошт ин қадар Акси ту

МАГАР МАН КАЛОН ШУДАМ А?

Дирӯз руйи  роҳам? Ҳарон чӣ буд,  дигар буд, Имрӯз дар нигоҳам Чаро ҳама дигар шуд? Чаро саҳар ин қадар Тозау тар аст имрӯз? Саҳаре

УЛАНГИ ДАНГ МОШОБА

Мудир омад аз бозор Бар «Волга»-и нав савор. Аз паи дафъи хумор, Уланги данг мошоба.   Таги чанор ҷои ӯ, Ба кор ӯро хушаш

ЗИНДАГИИ ШОИРОНА

Воаҷаб, кас мушкиле осон намояд бар кассе, Азбарои пешпояш ҳозиру бадкор беш.   Қам бувад дар рӯи олам одамони мӯътабар, Кардааш бар халқ миннат,

ИН ЧӢ ЗАМОН АСТ…

Замонеро бубин, к – ин чӣ замон аст, Ба сӯи тирагӣ, биллаҳ, равон аст.   Агар одамгарӣ хоҳӣ, ки донӣ, Баякдигар рақибу беамон аст.

АЙЁМИ  ПИРӢ

Субҳи умрам зуд рафту шом ҳам омад ба сар, Офтоби оламоро шуд паси боғи назар.   Ҳамчу боғи тирамоҳ дил холӣ аз уммед монд,

Ёду фарёд макун

Рӯзе, ки гузаштааст, аз у ёд макун, Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун. Аз н-омадаву гузашта фарёд макун, Ҳоли хуш бошу умр барбод макун. 

Ҷӯед маро

Чун дар гузарам, ба бода шуед маро, Талқин зи шароби ноб гуед маро, Хоҳед ба рузи ҳашар ёбед маро, Аз хоки дари майкада ҷуед

Чи кунам?

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?! Пашму қасабам ту риштаи ман чикунам?! Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд, Ту

Гузарони — гузарад

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад. Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон Умр асту бад-он сон гузарони гузарад.

Мардиву номарди

Ҷавонмардӣ ду чиз аст, эй ҷавонмард, Ба сўям гўш кун, то гўямат рост: Яке он, к-аз рафиқон даргузорӣ Агар сад лаҳза бини сад каму

Чавонмард боши!

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмўз Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмўз. Дарун аз кини кинҷўён нигаҳ дор, Забон аз таъни баъдгўён нигаҳ дор. Накўӣ кун ба он,

Дусти чи бошад

Барои дўстон ҷонро фидо кун, Валекин дўст аз душман ҷудо кун. Ки бошад дўст он ёри худоӣ Дилаш равшан ба нури ошноӣ. Ба нохуш

Гахе ин бошаду гахе он

Гаҳе марг бошад, гаҳе зиндагӣ Гаҳе подшоҳӣ, гаҳе бандагӣ. Падарро кунад ҷо ба тахта зи тахт, Писарро кунад з-он ҷигар лахт-лахт. Писарро барад аз

Марав

Зи пиргашта баҳри ҷавонон зи раҳ марав, Мўи сапед дар паи зулфи сияҳ марав. Бингар маҳи шабоби худ андар маҳоқи шеб, З-ин беш дар

РАНЧУР

Туро ранҷур мебинам, Фиғон аз ранҷи дунёӣ! Дилат аз ишқ менола. Шаби торики танҳоӣ. Зи бахти худ пушаймонӣ, Пушаймонӣ надорад суд. Ниҳон дар хеш

ОШИҚАМ МАН

Ошиқам ман, Ошиқам ман, Ошиқи афсуни чашмони сиёҳат, Ошиқи лоли нигоҳи бӯсаҳоят. Ошиқам ман, Ошиқам ман, Ошиқи масти навозишҳои нармат, Ошиқи зори ҳамоғӯшии гармат.

ДАРЁФТ

Ишқи худро оқибат дарёфтам Чун умед аз ноумеди ҷаҳон. Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд, Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон. Ишқи худро оқибат

ОРЗУИ ИШҚ

Чашми ман нуру сафо мехоҳад, Қалби ман сидқу вафо мехоҳад. Ҷони ман ишқи туву меҳри ман Меҳрубонии туро мехоҳад. Гар ту Фарҳодиву ман Ширинат,